Рӯзи 29 ноябр дар Деҳлии Ҳиндустон маросими тақдими ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё ба беҳтаринҳои соли 2015 баргузор шуд.
Дар маросими ботантанаи «AFC Annual Awards» беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2015 бо ҷоизаҳои Конфедератсияи футболи Осиё сарфароз гардонида шуданд.
Аз он ҷумла, Аҳмад Халил, бозигари мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин бозигари Осиё» байни мардон гардид. Мунтахаби Австралия, рақиби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018, ки моҳи январ барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардидааст, беҳтарин мунтахаби сол байни мунтахабҳои мардона эълон шуд. Дар байни мунтахабҳои милии занона мунтахаби Япония ғолиб омад. Ба Анж Постекоглу (Австралия) ҷоизаи беҳтарин мураббии дастаи мардона ва ба Асако Такакура (Ҷопон) ҷоизаи беҳтарин мураббии тими занона супурда шуд.
Дар рӯйхати довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба номинатсияи «Созмони футболи миллии дар ҳоли рушди сол” (AFC Member Association of the Year – Developing category) шомил буд. Ба ҷуз ФФТ барои ин ҷоиза ҳамчунин федератсияҳои футболи Ҳонконг ва Ветнам довталаб буданд. Дар натиҷа ин ҷоиза насиби Ассотсиатсияи футболи Ҳонконг гардид.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Мирзоев, муовини раис ва ҳамзамон котиби генералии ФФТ, намояндагӣ кард.