Бозии ҷавобии марҳалаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистонро дастаи «Барқчӣ»-и Душанбе муқобили «Канд»-и Конибодом рӯзи 30 июл, дар майдони футболбозии маркази омӯзиши Бонки миллии кишвар, дар гулистон мегузаронад.
Дар Гулистон гузаоронидани бозӣ ба он хотир аст, ки имрӯзҳо мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон, ки асоси ҳайати он аз бозигарони дастаи «Барқчӣ» ташкил шудааст, дар ин ҷо ҷамъомади омӯзишиву машқӣ мегузаронад.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар Конибодом бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи «Барқчӣ» анҷом ёфт.