Дар нишасти хабарии баъд аз бозии ифтитоҳии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016, дар гурӯҳи “F”, ки дар он мунтахаби ҷавонони Баҳрайн бар Молдив бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 пиоӯз шуд, ба суолҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳо посух гуфтанд.
Муҳаммад Атхиф, сармураббии мунтахаби ҷавонони Молдив:
– Ман аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам ва аз бозигарони худам барои кӯшишҳояшон сипосгузорам. Дастаи Баҳрайнро бо ғалабааш табрик мекунам. Мо то оғози бозӣ ҳам медонистем, ки Баҳрайн нисбати дастаи мо пурқувваттар аст. Дар оғози қисми дуюм корти сурх гирифтани як нафар бозигарамон ба мо мушкилӣ овард. Агар ин хел намешуд, шояд мо ба задани як ё ду гол муваффақ мешудем ва ҳам аз дарвозаи худ чор гол сар намедодем. Новобаста ба бохт ин бозӣ барои бачаҳои ман барои таҷриба андӯхтанашон муфид буд. Дастаи мо бори аввал аст, ки дар чунин мусобиқа ширкат мекунад. Онҳо қаблан дар ягон мусобиқаи АФК на дар Фестивали АФК барои 14 солаҳо ва на дар марҳилаи интихобӣ иштирок надоштанд. Барои мо айни ҳол натиҷа он қадар муҳим нест. Баъд аз баромад дар ин мусобиқа, ман оиди иштирокамон гузориш менависам.
Абдулазиз Абдо, сармураббии мантахаби ҷавонони Баҳрайн:
– Бисёр хурсандам, ки мо се имтиёзи аввалинро сощиб шудем. Он гунна ки цаблан гуфтам мо ба ин ыо барои мубориза кардан ва ыои якумро дар гурӯҳ ишғол намудан омадем. Бо вуҷуди оне ки мо ҳамчун мизбони мусобиқа ҳуқуқи дар марҳилаи финали иштирок карданро дорем, аммо боз мегӯям, ки ба ин ҷо бо мақсади ба даст даровардани нӯҳ имтиёз омадаем. Новобаста ба он ки мунтахаби Молдивро ҳама дар ин ҷо аз дастаҳои заифи мусобиқа мешуморанд, дар бозии ифтитоҳии мусобиқа ширкат кардан мушкил аст. Мунтахаби Молдив имрӯз хуб бозӣ кард. Дар маҷму ман аз натиҷаи вохӯрӣ ва ҳам аз бозии дастаи худ қаноатмандам.