Ҳарифони мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон 5 июн маълум мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳарифони мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон 5 июн маълум мешаванд

Мунтахабҳои наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи кишвар, ҳарифони худро дар доираи марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 санаи 5 июн хоҳанд донист.

Қуръакашии мусобиқаҳои мазкур рӯзи 5 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия доир мешавад. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё барои мунтахабҳои наврасони зери 16 сола аз 11 то 20 сентябр ва барои мунтахабҳои ҷавонони зери 19-сола аз 28 сентябр то 6 октябр баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон пешакӣ барои дар Тоҷикистон гузаронидани марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони зери 19-сола ба Конфедератсияи футболи Осиё дархости расмӣ ирсол кардасст. Ба сифати макони баргузории мусобиқа ФФТ Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявиро пешниҳод намудаст, ки он 20 ҳазор ҷои нишаст дошта, ба талаботҳои ФИФА ва КФО мутобиқ аст.

Добавить комментарий