Дар нишасти хабарии баъд аз бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 байни Тоҷикистону Австралия (0:3) сармураббии чемпиони феълии футболи Осиё Ангелос Постекоглу ғалабаи дастаашро бар мунтахаби Тоҷикистон шарҳ дод.
– Ман аз бозии дастаи худ розиям, зеро мо бозиро бисёр хуб таҳти контроли худ қарор додем, – оғоз намуд суханашро сармураббии “кенгуруҳо”. Голи аввал ниҳоят муҳим буд. Баъд аз задани голи якум мондашавии бозигарони мунтахаби Тоҷикистон ба назар мерасид ва дар мо имкони осонтар бозӣ кардан пайдо шуд. Мо тавассути мобайн бештар бозӣ кадем, ки ин бароямон мураккабтар буд. Ва аммо мо се гол задем ва дар маҷму бозӣ пурра таҳти контроламон буд. Вақти ҳисоб 0 бар 0 будан маро мушавваш сохт. Ман бисёр хушбахтам, ки мо бартарии худро ба задани гол табдил додем.
– Шумо гуфтед, ки ҳангоми ҳисоби бозӣ 0 бар 0 будан мушавваш гаштед. Барои чӣ?
– Ҳисоби бозӣ лағжонаку духӯра буд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мо бозиро пурра контрол мекардем. Дар маҷму мо бозии хуб кардем ва боз ҳам имконияти гол заданро доштем.
– Шумо кадоме аз бозигарони мунтахаби Тоҷикистонро нишона карда метавонед?
– Мунтахаби Тоҷикистон – дастаи хуб муташккилшуда аст. Аз лиҳози тактикиву техникӣ кӯшиши боздоштани моро кард. Ҳамаи бозигарони мунтахаби шумо ҷаҳду талош карданд ва муқобили мо бозии хуб нишон доданд. Аз ин лиҳоз ман наметавонам, ки касеро мушаххасан ном бубарам.Инчунин мехоҳам бигӯям, ки муҳит имрӯз дар варзишгоҳ хеле олӣ буд. Мухлисони шумо мунтахабатонро ниҳоят хуб ҳавохоҳӣ намуда, то охир дастгирӣ карданд. Таҳсин ба онҳо.
– Шумо чунин меҳисобед, ки имрӯз дастаатон аз рӯи дараҷаи баланди маҳораташ ғолиб омад?
– Новобаста аз пурқувват ва ё заиф будани ҳариф аз ду сар лозим аст, ки то охир бозӣ бояд кард. Ва мо ҳамин тавр мекунем.
– Ҳангоми ҳисоби бозӣ 1 бар 0 будан шумо боз ҳамлагарро ба майдон баровардед. Оё аз натиҷаи бозӣ норозӣ будед ва ё боз бештар гол задан мехостед?
– Мо ба ҳамин тарз бозӣ мекунем. Новобаста аз он ки мо дар майдони худ ва ё дар сафар бозӣ дорем, мақсадамон бештар гол задан аст.
– Аллакай маълум аст, ки аз гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун ба даври баъдӣ мебароянд. Мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон бошанд барои ҷои сеюм талош мекунанд. Шумо бо ҳар дуи ин дастаҳо дар сафар бозӣ кардед. Метавонед онҳоро муқоиса кунед?
– Бозии навбатии мо бо мунтахаби Урдун аст ва мо кӯшиш мекунем, ки дар он ғолиб шуда, аз ҷои якуми гурӯҳ ба даври баъдӣ бароем. Дар бораи мунтахаби Қирғизистон бошад ҳаминро гуфтаниям, ки бо вуҷуди бохт онҳо хуб бозӣ карданд. Агар Қирғизистон дар бозии навбатӣ ғолиб шавад, он гоҳ метавонад, ки муддаии ҷои дуюми гурӯҳ бошад. Муқоиса кардани мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон бошад кори ман нест ва бигзор таҳлилгарон ба ин кор машғул шаванд.
– Суоли охирон. Тим Кэхилл имрӯз ба задани ду гол муваффақ шуд. Шумо бозии ӯро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
– Ӯ бад бозӣ накард, зеро бо қувваи тоза ба майдон баромад. Дар бозӣ бо Бангладеш Тим дар ивазшавӣ вориди бозӣ шуда буд. Боз чӣ гуна метавонам бозии ӯро баҳогузорӣ кунам? Бисёр-бисёр, ҳатто хеле хуб.
– Ҷаноби Ангелос, ташаккури зиёд барои сӯҳбати кушодаву симимӣ ва бори дигар ғалаба муборакатон бошад. Аз фурсат истифода карда, барои суоли дирӯзаи рӯзноманигори тоҷик марбут ба истеъфои шумо маъзарат мехоҳем…
– Ман ба ҳеҷ ваҷҳ аз ӯ намеранҷам. Ҳар кадоми мо вазифаи худро иҷро мекунем.