Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал (U-20) баъди қуракашие, ки 30-юми март дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок барои якумин Чемпионати Осиё гузаронида шуд, муайян гардиданд.
Аз рӯи натиҷаи ин қуракашӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Ветнам, Япония, Тайбейи Чин ва Индонезия ба гурӯҳи «В» шомил шуд.
Дар Чемпионати якуми Осиё оид ба футзал дар ин синну сол 21 даста дар чор гӯрӯҳ -се гурӯҳи иборат аз 5 даста ва як гурӯҳи иборат аз 6 даста барои ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтан мубориза мебаранд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳҳо ба бозиҳои чорякфиналӣ мебарояд ва сипас аз рӯи низоми олимпӣ ҳар дастаи мағлубшуда мусобиқаро тарк мегӯяд.
Ёдрас мешавем, ки чемпионати якуми Осиё оид ба футзал байни ҷавонони то 20-сола дар пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок аз 16-ум то 26-уми май гузаронида мешавад.
Натиҷаи қуракашии бозиҳои финалии чемпионати якуми Осиё оид ба футзал байни ҷавонон чунин аст:
Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.
Гурӯҳи «В»: Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин, ТОҶИКИСТОН, Индонезия.
Гурӯҳи «С»: Ӯзбекистон, Қатар, Лубнон, Мянма, Гонконг.
Гурӯҳи «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Амороти Мутаҳидаи Араб.