Ҳамаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи чорякфиналии Ҷоми миллӣ маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳамаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи чорякфиналии Ҷоми миллӣ маълум шуданд

Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 30-31 июл баргузор шуданд, ҳамаи дастаҳои иштирокчии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми миллӣ маълум гашт. Ба ин тартиб, ба бозиҳои чорякфиналии Ҷоми миллӣ дастаҳои «Истиқлол» ва «Барқчӣ»-и Душанбе, «Регар-ТадАз»-и Турсунзода, «Хайр» ва «Ваҳдат»-и Ваҳдат, «Равшан»-и Кӯлоб, «Ҳосилот»-и Фархор ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд роҳ ёфтанд.

Имрӯз, 31-уми июл панҷ бозии боқимондаи марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 баргузор шуданд. КМВА «Помир» дар майдони худ «Регар-ТадАз»-и Турсунзодаро қабул кард. Бозӣ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони Турсунзода поён ёфт. Голи ягона ва ғолибиятро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 9-уми вохӯрӣ ба самар расонд. Голи ғолибияти Ҳамроқулов дастаи шаҳри металлургчиёни тоҷикро ба бозиҳои чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2016 баровард. Дар марҳилаи чорякфиналӣ командаи Алишер Ҳақбердиев бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд вомехӯрад. Дастаи соҳили Сирдарё дар марҳилаи 1\8 финалӣ аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бар намояндаи лигаи якуми Тоҷикистон “Саройкмар”-и Панҷ бо ҳисоби умумии 4 бар 1 пирӯз шуд.

“Равшан”-и Кӯлоб, ки баъди қисми якуми чемпионати Тоҷикистон дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқа қарор дорад, дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа аз рӯи натиҷаи умумии ду бозӣ ғолиб шуда, ба бозиҳои чорякфианлӣ роҳхат гирифт. Дар бозии ҷавобӣ дружинаи Изатулло Исоқов бар “Вахш” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 89-уми бозӣ Зарифҷон Рустамов ба самар расонд. Қобили қайд аст, ки ин бозиро ҳар ду дастаҳо бо ҳайати нопурра анҷом карданд. Дар дақиқаи 33-юми вохӯрӣ сардовар Беҳрӯз Муртазоев ниммуҳофизи “Вахш” Умедҷон Шарипов ва ду бозигари “Равшан” – Абубакр Азимов ва Абдураҳмон Нозимовро аз майдон берун кард. Дар марҳилаи чорякфиналӣ “Равшан” бо намояндаи лигаи якуми Тоҷикистон – “Ваҳдат”-и Ваҳдат вомехӯрад. “Ваҳдат” дар бозиҳои ҳаштякфиналӣ ғайриинтизор аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ бар “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон афуров ғолиб шуда, “ҳавонавардон”-ро аз идомаи мусобиқа берун сохт.

«Хайр»-и Ваҳдатро барои баромадан ба марҳилаи чорякфиналии Ҷоми миллӣ зарур афтод, ки бештар кӯшиш кунад. Баъд аз ғалаба дар бозии аввал бар «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1 бар 0 дастаи шаҳри Ваҳдатро дар бозии ҷавобӣ мусовӣ ҳам қонеъ мегардонд. Аммо «Помир»-и Душанбе, ки асосан аз ҳисоби бозигарони мунтахаби наврасони Тоҷикистон созмон ёфтаст, муваффақ шуд, ки дар вақти асосии бозии ҷавобӣ бар «Хайр» бо таносуби як гол пирӯз шавад. Барои муайян кардани ғолиб ду қисми изофии иборат аз 15 дақиқагӣ таъин шуд. Дар вақти изофӣ ба муҳофизатгари «Хайр», легионер аз давлати Гана Менсах Даниел Абан муяссар шуд, ки голи ҷавобиро зада, дастаашро ба бозиҳои чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон барорад.

Дар бозиҳои чорякфиналӣ рақиби «Хайр» барандаи феълии Ҷоми миллӣ «Истиқлол»-и Душанбе мешавад, ки дар марҳилаи якҳаштниҳоӣ «Панҷшер»-и Балхиро бо ҳисоби умумии 14 бар 0 шикаст дод.

Дар бозии чорякфиналии дигари Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои «Барқчӣ»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор рӯбарӯ мешаванд. Ҳардуи ин дастаҳо дар марҳилаи чорякфиналӣ ба осонӣ мутаносибан бар дастаҳои «Канд»-и Конибодом (2:0 ва 1:7) ва «Парвин»-и Бохтар (5:0 ва 3:0) ғалаба карданд.

Бозиҳои якуми марҳилаи 1/4 финалии Ҷоми Тоҷикистон мувофиқи тақвими баргузории мусобиқа рӯзҳои 20-21 август доир мешаванд. Дар бозиҳои чорякфиналӣ дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд: «Истиқлол» – «Хайр», «Ваҳдат» – «Равшан», «Ҳосилот» – «Барқчӣ» ва «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд».

 

Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи 1/8 финалӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:1

Гол: Зарифҷон Рустамов, 89.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Фирӯз Ризомов, Беҳрӯзҷон Ниёзов, Улуғбек Абдулхайров, Азимҷон Муродов, Валӣ Зарипов (Парвиз Ҷанҷолов, 65), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарипов, Умарҷон Шарипов (Хайём Гургалиев, 85), Муҳаммадрофеъ Холов, Нуъмонҷон Ҳакимов (Фазлиддин Насриддинзода, 73).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Далер Шомуродов, Сайдамири Сайдаҳмад, Фаридун Рустамов, Зарифҷон Рустамов, Музаффар Назаров (Аваз Қамчинов, 70), Саидхони Амрохон, Абдураҳмон Нозимов, Абубакр Азимов, Ҳиматулло Малодустов (Комрони Саидзод, 46, Бахтиёр Ҳасанов, 75), Зокир Абдулхайров.

Огоҳонида шуданд: Улуғбек Абдулхайров, Парвиз Ҷанҷолов, Умарҷон Шарипов («Вахш»), Абубакр Азимов, Зокир Абдулхайров («Равшан»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Умедҷон Шарипов («Вахш»), 33 – барои рафтори иғвогароёна, Абубакр Азимов («Равшан»), 33 – барои рафтори иғвогароёна, Абдураҳмон Нозимов («Равшан»), 33 – барои ҷиддӣ вайрон кардани қоидаи бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Умарҷон Шарипов («Вахш»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 8,3 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

31 июл. Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 2500 тамошобин.

Бозии якум – 0:2.

 

«Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе) – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 50 (0:1). Менсах Даниэл Абан, 100 (1:1).

«Хайр» (Ваҳдат): Худододагӣ Абдураҳимов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан, Далер Шарипов, Фирӯз Шамсиев, Далер Имомназаров, Воҳид Соҳибназаров (Фирдавси Файззода, 100), Парвиз Ҳамидов (Ҷамолиддин Оев, 84), Дилобшо Тугоншоев, Ҷаҳонгир Хайров (Одил Бобоназаров, 61), Мисиам Иносент.

«Помир» (Душанбе): Рустам Давлатов, Султоншо Мирзоев, Манучеҳр Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Корон Алиев, Шервони Мабатшоев, Саидмухтор Азимов, Ислом Ғоибов (Шарифҷони Абдувосит, 76), Рамз Амрохонов, Шаҳром Самиев (Узайр Шарипов, 109), Шаҳзод Давлатов (Тоҳир Малодустов, 60).

Огоҳонида шуданд: Дилобшо Тугоншоев, Воҳид Соҳибназаров, Фирӯз Шамсиев («Хайр»), Шервони Мабатшоев, Комрон Алиев, Султоншо Мирзоев, Шаҳром Самиев («Помир»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Зайниддин Раҳимов (сармураббии «Помир»), 102 – барои таҳқири сардовари бозӣ, Шаҳром Самиев («Помир»), баъд аз анҷоми бозӣ – барои таҳқири ҳайати доварон.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Менсах Даниэл Абан («Хайр»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

31 июл. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр».

Бозии якум – 1:0.

 

КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

Гол: Аҳтам Ҳамроқулов, 9.

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фирдавс Чақалов (Шарафҷон Солеҳов, 87), Фурӯғ Қодиров, Комрони Мирзохон, Акмал Сабуров, Комрони Мирзонаҷот, Давронҷон Тухтасунов (Сефах Жаке Нана, 46), Парвиз Кашкаров (Сорбон Карамов, 77), Шамсиддин Қосимов, Андох Наполеон, Шодибек Ғаффоров.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Алишер Шарипов, Фарҳод Холбеков, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Санҷар Баратов (Комрон Турсунов, 67), Фирӯз Қараев (Фирӯз Раҳматов, 85), Ромиш Ҷалилов, Аҳтам Ҳамроқулов (Акбар Бобомуродов, 90+2).

Огоҳонида шуданд: Фурӯғ Қодиров, Шодибек Ғаффоров (КМВА «Помир»), Фаррух Чориев, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

31 июл. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 500 тамошобин.

Бозии якум – 0:0.

 

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ) – 2:1

Голҳо: Ҳусейнҷон Умаров, 48 (0:1). Соҳибҷон Ваҳобов, 85 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 90+3 (2:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Фарҳод Юлдашев, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шоҳрух Раҷаматов (Абдусубҳон Раҳимов, 51), Саидҷон Шарипов (Анвархон Темирхонов, 67), Руслан Раҳматов, Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров (Дилшод Бозоров, 49), Меҳруллоҷон Бобоев, Марифҷон Марифбоев (Мубинҷон Муминов, 90+2).

«Саройкамар» (Панҷ): Сафар Наботов, Саид Умари Абдувализода (Умедҷон Авазов, 66), Фаридун Шодиев, Искандар Мамадкулов, Дилшод Ниҳолов, Иброҳими Муҳтоҷзода, Анварҷон Авазов, Насим Мамадкулов (Фирдавс Солиҳов, 85), Соҳибҷон Ваҳобов, Ҳусейнҷон Умаров, Ҷонибек Ғаффоров.

Огоҳонида шуданд: Саидҷон Шарипов, Шоҳрух Раҷаматов («Хуҷанд»), Иброҳими Муҳтоҷзода, Саид Умари Абдувализода, Дилшод Ниҳолов, Искандар Мамадкулов («Саройкамар»).

Аз майдон хориҷ шуд: Искандар Мамадкулов («Саройкамар»), 90+1 – барои таҳқири ҳайати доварон.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳусейнҷон Умаров («Саройкамар»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

31 июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 338 тамошобин.

Бозии якум – 2:0.

 

«Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор) – 0:3

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 58 (0:1). Ҳасан Рустамов, 66 (0:2). Нурулло Маҳмудов, 82 (0:3).

«Парвин» (Бохтар): Иброҳим Исмоилов, Далер Собиров, Шаҳбоз Солиев, Фаррух Сайдуллоев, Алисино Мирзоев, Абдуқаҳор Саидалиев (Абдуфаттоҳ Аминҷонов, 75), Парвиз Саидмуродов, Холмаҳмад Талбаков, Нурмаҳмад Талбаков (Олимҷон Маматкулов, 68), Анушервон Валиев, Саидҷон Замонов.

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Наврӯз Рустамов (Нурулло Маҳмудов, 66), Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов, Сафаралӣ Каримов (Ҷамшед Умаров, 72), Ойбек Абдуғаффоров, Ҳикматулло Расулов, Хайрулло Азизов (Саидалии Сафаралӣ, 66), Комил Саидов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Иброҳим Исмоилов («Парвин»).

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе) – 7,7 хол.

Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

31 июл. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

Бозии якум – 0:5.

 

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 2:0

Голҳо: Хушбахт Қараев, 41 (1:0). Ҳусейн Ривоҷов, 74 (2:0).

«Ваҳдат» (Ваҳдат): Баҳодур Тошзода, Довуд Ашуров, Абдуҳаким Саидзода, Фирдавс Раҳимов, Беҳрӯз Сафаров, Маҳмадалӣ Маҳмадраҳимов, Фирӯз Абдураҳмонов, Хушбахт Қараев, Бахтиёр Ҳалимзода (Хуршед Назаров, 79), Ҳусейнҷон Ривоҷов, Хурсанд Зарипов (Бахтиёр Ҳақназаров, 60).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Абдурашид Мирхолиқов, Хуршед Воҳидов, Рустам Домуллоҷонов, Азиз Мирзоев, Азиз Шамсиев, Шероз Рустамзода (Фирдавс Акрамов, 61), Алишер Ҳайдаров, Шоҳрух Тошматов, Комилҷон Комилов, Бахтовар Зокиров.

Огоҳонида шуданд: Фирӯз Абдураҳмонов («Ваҳдат»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Хушбахт Қараев («Ваҳдат»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтепа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

30 июл. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 500 тамошобин.

Бозии якум – 1:2.

 

«Барқчӣ» (Душанбе) – «Канд» (Конибодом) – 7:1

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 34 (1:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 50 (2:0). Амирҷон Сафаров, 57 (3:0). Азиз Ҳамробоев, 71 – аз пеналти (3:1). Амирҷон Сафаров, 73 (4:1). Кароматулло Саидов, 74 (5:1). Нумон Зокиров, 77 (6:1). Амирҷон Сафаров, 80 (7:1).

«Барқчӣ» (Душанбе): Шаҳром Исмоилов, Ҳокимҷон Ҳасанов, Зоир Ҷӯрабоев, Отабек Каримов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Мунир Давлатбеков, 60), Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Шарипов, Нумон Зокиров, Нуриддин Ҳамроқулов (Фирӯз Бегов, 15), Алишери Ҳотам, Амирҷон Сафаров.

«Канд» (Конибодом): Шарифҷон Мирҷалолов, Илҳом Иброҳимов, Диловар Шарипов, Аъзам Дусматов, Азиз Ҳамробоев, Ҳамдам Пулотов, Азим Баҳронов, Мадамин Эгамбердиев, Шоҳҷаҳон Турсунов, Амин Ҳамробоев, Шӯҳрат Иброҳимов.

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров, Мунир Давлатбеков («Барқчӣ»), Аъзам Дусматов, Илҳом Иброҳимов («Канд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8,5 хол.

Нозири бозӣ: Шӯҳрат Шамсиев (Истаравшан).

30 июл. Гулистон. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ». 100 тамошобин.

Бозии якум – 2:0.

 

«Панҷшер» (Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:7

Голҳо: Фаридун Шарипов, 6 (0:1). Дилшод Восиев, 32 (0:2). Дилшод Восиев, 38 (0:3). Дилшод Восиев, 63 (0:4). Фатҳулло Фатҳуллоев, 72 (0:5). Дилшод Восиев, 75 (0:6). Ҷаҳонгир Алиев, 79 (0:7).

«Панҷшер» (Балхӣ): Бахтиёр Неъматов, Равшан Азизов, Анвар Ҳамроқулов, Хуршед Умуров, Абдулатиф Тоҷимуҳаммадов (Икромҷон Носиров, 83), Ҳасан Холов, Шавкат Худойназаров (Фирӯз Одинаев, 40), Алишер Салимов, Сорбон Авғонов (Хайриддин Сироҷов, 80), Қурбонбой Шералиев (Фирӯз Одинаев, 72), Абдухалил Боронов.

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов (Ҷаҳонгир Алиев, 70), Нуриддин Давронов (Сӯҳроб Ҷалилов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев, Фаридун Шарипов, Амирбек Ҷӯрабоев.

Огоҳонида шуданд: Абдулатиф Тоҷимуҳаммадов, Равшанҷон Азизов («Панҷшер»), Нозим Бобоҷонов, Сӯҳроб Ҷалилов, Дэвид Мавутор («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

30 июл. Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 5000 тамошобин.

Бозии якум – 0:7.

 

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 – 21 август (шанбе, якшанбе)

«Истиқлол» – «Хайр»

«Ваҳдат» – «Равшан»

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Добавить комментарий