Сармураббии мунтахаби миллии Қирғизистон Александр Крестинин дар нишасти хабарии баъд аз бозии даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” муқобили тими миллии Тоҷикистон (1:0) назари худро баён сохт.
Александр Крестинин, сармураббии мунтахаби миллии Қирғизистон:
– Он гуна, ки интизораш будем, бозӣ бисёр вазнин шуд. Бори дигар таъкид мекунам, ки муқобили мо дастаи бисёр пурқуввати муташаккил бозӣ кард. Аммо мо ба ин бозӣ омодагии ҷиддӣ гирифтем. Дар ин бозӣ бошад, бахт ҷонибамон хандид ва кори мо омад кард. Мехоҳам ба бачаҳо барои худфидоияшон изҳори сипосгузорӣ баён созам. Дар маҷмӯ имрӯз баръакси бозӣ дар Бишкек ҳама чӣ барои мо муваффақона буд. Мо ягон гол сар надодем ва инчунин дар бозии бачаҳо иштибоҳҳои дағалона ҷой надоштанд. Ба задани голи зебо муваффақ шуда, ғалаба кардем. Дар оғозӣ бозӣ муҳофизони марказии мо номуваффақона бозӣ карданд ва хуб шуд, ки дарвозабонамон дарвозаро аз гол эмин дошт. Мунтахаби Тоҷикистон лаҳзаҳои хуби голзаниро созмон дод, аммо муҳофизони мо дар ҷаримагоҳи даста бехато бозӣ карданд. Кори доваронро бошад, ман таҳлил намекунам. Онҳо кори худро мекунанду бозигарон кори худро ва аз ин амал дар якҷоягӣ футбол ба вуҷуд меояд. Нисбати баромади дастаи худ дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ман нигоҳи духӯра дорам. Мо оҳиставу бомаром пеш меравем. Аммо аз натиҷа он қадар қаноатманд нестам. Мо меавонистем беҳтар баромад кунем. Аз ҷониби дигар бошад, дар ин марҳила мо танҳо аз чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия мағлуб шудем. Дар бораи мунтахаби Тоҷикистон бошад ҳаминро гуфтаниям, ки вай имрӯз шахсан маро аз ягон муттаҳайир насохт. Мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем ва тавассути технологияи ҳозиразамон аз ҳама бохабар ҳастем ва ягон сирре пӯшида намемонад. Мо медонистем, ки онҳо дар даври гузашта бозӣ карданд ва дастаи мо бошад истироҳат дошт. Имрӯз бошад ягон навгонии тоза рух надод. Фақат дар ҳайати дастаи ҳариф метавонам бозии капитани даста Нуриддин Давроновро қайд кунам. Барои бозигарони мо муқобили ӯ бозӣ кардан ниҳоят душвор буд. Ҳама ҳамлаҳои дастаи шумо ба воситаи Давронов сарчашма мегирифтанд. Боварӣ дорам, ки Давронов имрӯз яке аз беҳтарин бозиҳои худро гузаронд ва ман ӯро ба ин муносибат табрик мекунам.