Александр Крестини: “Паҳлӯҳои қавиву заифи мунтахаби Тоҷикистонро омӯхтем” – Федерация Футбола Таджикистана

Александр Крестини: “Паҳлӯҳои қавиву заифи мунтахаби Тоҷикистонро омӯхтем”

Имрӯз, 7 октябр, дар арафаи баргузории бози даври панҷуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор шуд. Дар ин нишасти хабарӣ, дар навбати худ ба суолҳои хабарнигорон сармураббии тими миллии Қирғизистон Александр Крестинин ва ҳамлагари даста Мирлан Мурзаев посух гуфтанд.

Нахуст сармураббӣ Александр Крестинин бетартибиҳои аз ҷониби мухлисони дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон дар бозӣ бо чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия дар Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзокови шаҳри Бишкек рух дода ва дар паи онҳо аз ҷониби ФИФА ба маблағи 29 ҳазор доллари Амрикоӣ ҷарима шудани Федератсияи футболи Қирғизистон ёдовар шуда, аз рӯзноманигорон хоҳиш кард, то ба мухлисон бирасонанд, ки айни замон аз рафтори онҳо дар бозӣ бо тими миллии Тоҷикистон бисёр чӣ вобвстагӣ дорад.

“Дар доираи марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 моро чор бозии дигар боқӣ мондааст, ки се тои онро дар майдони худ мегузаронем, – қайд намуд Крестинин. Аз мухлисон даъват мекунам, ки дар ин бозиҳо дар варзишгоҳ тартиботро риоя кунанд. Барои мо ҳар як мухлис муҳим аст! Қайд мекунам, ки барои мо мухлис лозим аст, на васвасакунанда.

Дастгирии мухлисон ҳамеша ба футболбозон неруву илҳом мебахшад. Фарқи бозиҳои хонагӣ ва дар майдони ҳариф ҳам дар ҳамин аст. Меҳнати бозигаронро қадр бояд кард. Ҳама медонанд, ки дар назди мо чӣ вазифаи муҳиме гузошта шудааст. Айни ҳол бачаҳои мо барои амалӣ гардонидани вазифаи дар наздашон гузошта шуда ҳама ҷиҳата омодаанд. Мо сабтҳои видеоии бозии мунтахаби миллии Тоҷикистонро тамошо кардем ва паҳлӯҳои заифу қавии онро барои худ муайян сохтем. Тоҷикистон мунтахаби пурқувват аст ва бозигарони хуб дорад. Бо он хоҳише, ки имрӯз бачаҳои мо доранд, боварӣ дорем, ки муваффақ мешавем!” – ҷамъбаст намуд Александр Сергеевич.

Добавить комментарий