Ҷаласаи Кумитаи интизомӣ ФФТ доир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаласаи Кумитаи интизомӣ ФФТ доир шуд

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нурзода доир гардид. Дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул шуданд:

– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (баён кардани суханони носазо нисбати ҳайати доварон) дар бозии марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни  дастаҳои футболи “Хуҷанд” — “Саройкамар” (31 июл) бозигари дастаи “Саройкамар” Искандар Маматкулов аз  ҳақи иштирок дар 2  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз”  — “Вахш”  (7 август) бозигари дастаи “Вахш” Беҳрӯз Ниёзов аз  ҳуқуқи иштирок кардан дар як  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (қасдан бо пой зарба задан ба бозигари ҳариф) дар бозии ҷавобии марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни  дастаҳои футболи “Вахш” — “Равшан” (31 июл) бозигари дастаи “Равшан” Абдураҳмон Нозимов аз  ҳақи иштирок дар 3  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (риоя накардани талаботҳои Низомномаи чемпионат оиди варзишгоҳҳо) дар бозии ҷавобии марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни  дастаҳои футболи “Барқчӣ” — “Канд” (30 июл) дастаи “Барқчӣ” ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (барқасд задани ҳариф) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Канд” — “Ваҳдат” (6 август) бозигари дастаи “Ваҳдат” А. Саидзода аз ҳақи иштирок дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (барқасд задани ҳариф) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Канд” — “Ваҳдат” (6 август) бозигари дастаи “Канд” А. Ҳамробоев аз ҳақи иштирок дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

Добавить комментарий