Ғалабаи шармандавори соҳибони майдон дар Ҷоми президенти Қазоқистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи шармандавори соҳибони майдон дар Ҷоми президенти Қазоқистон

Пеналтии набуда, бофта ва ба дарвозаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон таъин намудаи довари қазоқ Галимжан Кенжалинов дар бозии ҷамъбастии даври гурӯҳии Ҷоми президенти  Қазоқистон дар Остона боиси бохти дастаи мо гардид. Довари қазоқистонӣ дар дақиқаи ҳафтуми ба вақти бозӣ иловашуда, беасос ба дарвозаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон пеналтӣ таъин намуд.

Барои аз ҷои дуюми гурӯҳи “А” ба бозӣ барои ҷои сеюм баромадан дружинаи Зайниддин Раҳимовро мусовӣ ҳам бо соҳибони майдон басанда буд. Дар бозӣ ҳисобро футболбозони навраси тоҷик боз карданд. Голро Рамз Амрохонов зад. Дар анҷоми қисми аввали вохӯрӣ соҳибони майдон бо кӯмаки бевоситаи сардовари бозӣ Галимжон Кенжалинов ҳасобро баробар карданд. Баъди партофти тӯби кунҷӣ бозигари қазоқ ба дарвозабони мо ҳамла кард, аммо сардовар ин ҳолатро “надид” ва Самат Бортай тӯбро аз масофаи наздик вориди дарвозаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон намуда, ҳисобро баробар кард.

Қисми дуюми вохӯрӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн мегузашт ва бозӣ ба ҳамон тарз поин мешуд. Мунтахаби наврасони моро дар ин вохӯрӣ натиҷаи мусовӣ ҳам қаноат мекунонд. Вақти асосии бозӣ ба анҷом расид. Соҳибони майдон бошанд, бояд ба ҳар роҳу воситае ки набошад, ғалаба мекарданд. Кенжалинов ба вақти асосии вохӯрӣ панҷ дақиқа изофа намуд. Баъди ба анҷом расидани дақиқаи панҷуми иловагӣ ва шурӯ шудани дақиқаи шашум, вақте ки тӯбро ба майдончаи ҷаримавии дастаи мо партофтанд, ҳимоятгари наврасони Тоҷикистон рақобати тан ба танро бо ҳамлагари қазоқ бурида, ҳуҷуми дастаи ҳарифро бартараф сохт. Ҳамлагари қазоқи рақобати тан ба танро бохта худро ба замин ғелонд ва довари ин лаҳзаи қуллайро интизор бе асос ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон пеналтӣ таъин намуд. Дар натиҷаи “пеналтии” тамоман беасос таъин карда шуда, ки онро Ерхан Таласбаев ба самар расонд, мунтахаби наврасони зери 17-солаи Қазоқистон ғолиб шуд.

Васоити ахбори оммаи Қазоқистон ин беалдолатии довари худро эътироф карданд. Дар ин мавзӯ тавассути ВАО ва торнамоҳои варзишии Қазоқистон хабарҳо пахш шуданд. Дар ахбори пахшшуда оиди тарбияи нодурусти футболбозони наврас дар ин кишвар сухан рафта, инчунин роҳбарияти Федератсияи футболи Қазоқистон низ шадидан интиқод мешавад. Интиқодгарон ҳамчунин аз он норозигӣ баён мекунанд, ки дар бозӣ бо наврасони Қирғизистон низ довар дастаи соҳибони майдонро бевосита кӯмак намуда, бесабаб бозигари қирғизро аз майдон хориҷ кард. Ба ақидаи инфиродии мо, дар сабқате, ки Ҷоми Президенти Қазоқистон номгузорӣ шудаву ба номи Нурсултон Назарбоеви мӯҳтарам алоқамандӣ дорад, чунин амали ноодилонаро ба ҷуз “хизмати хирсона” чизе дигаре гуфтан ғайриимкон аст.

Роҳбари ҳайати намояндагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Анваршо Мирзоев низ дар саҳифаи Фейсбукии худ чунин шарҳ навиштанд:

“Бачаҳо, ба фикрам шумо аллакай медонед, ки дар Остона дар бозӣ бо наврасони Қазоқистон моро ноодилона доварӣ карданд, мушахассан ноодилона. Ман ҳеҷ наметавонам бачаҳоро ором созам. Онҳо ҳатто гиря мекунанд. Дарҳол ба шумо мегӯям, ки Қазоқистон Аврупо нест, Қазоқистон ин Осиё аст, ки дар он доварон худсарӣ мекунанд. Вай (Галижан Кенжалинов) довари дараҷаи миллӣ аст”.

Ба ин тартиб мунтахаби наврасони Қазоқистон барои медалҳои биринҷӣ бо мунтахаби наврасони Гурҷистон рақобат мекунад. Мунтахаби наврасони аз худсарии довари қазоқ зарардидаи мо бошад, барои ҷои панҷум бо мунтахаби наврасони Русия-2 вориди рақобат мешавад. Дар бозии ниҳоӣ мунтахабҳои наврасони Испания ва Озарбойҷон рӯбарӯ мешаванд

 

Ҷоми президенти Қазоқистон

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Рамз Амрохонов, 26 (0:1). Бортай, 40+2 (1:1). Таласбаев, 80+7 (2:1).

Қазоқистон: Сейсен, Аманжол (Кудайбердинов, 41), Бортай, Турсинбай, Ярков (Иргебаев, 59), Каримов (Таласбаев, 64), Жакилик, Жакипбаев (Кан, 59), Орал (Пайруз, 59), Кусяпов, Айманов (Хан, 59).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Зиёвуддин Фузайлов (Шамсулло Ҷураев, 80+3), Ҳусейн Нурматов, Аслам Камолов (Аваз Қамчинов, 41), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Исломиддин Ғоибов (Искандар Солиев, 41), Мубинҷон Муминов, Фаридун Нематов (Шервони Мабатшаев, 67), Рамз Амрохонов (Амир Иброҳимов, 80+3).

25 июн. Остона. Варзишгоҳи «Остона-Арена». 500 тамошобинон.

 

Испания – Қирғизистон – 8:0

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Испания 3 3 0 0 16-0 9
2 Қазоқистон 3 2 0 1 5-7 6
3 ТОҶИКИСТОН 3 1 0 2 3-6 3
4 Қирғизистон 3 0 0 3 2-13 0

 

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

Гурҷистон Озарбойҷон – 0:0

Русия-2 – Беларус – 2:1

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Озарбойҷон 3 2 1 0 4-1 7
2 Гурҷистон 3 2 1 0 4-1 7
3 Русия-2 3 1 0 2 2-4 3
4 Беларус 3 0 0 3 3-7 0

 

Бозиҳои финалӣ

26 июн (ҷкмъа)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

9.00 – Қирғизистон – Беларус

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

11.00 – ТОҶИКИСТОН – Русия-2

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

13.00 – Қазоқистон – Гурҷистон

Финал

18.00 – Испания – Озарбойҷон

Добавить комментарий