Ғалабаи деррасидаи мунтахаби ҷавонон дар чемпионати Осиё-2016 – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи деррасидаи мунтахаби ҷавонон дар чемпионати Осиё-2016

Рӯзи сешанбеи 31-уми март, футболбозони мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Тоҷикистон дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 бар ҷавонони Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 пирӯз шуданд.

Шогирдони Алишер Тухтаев бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 мунтахаби ҷавонони Шри-Ланкаро шикаст доданд. Дастаи Шри-Ланкаро собиқ сармураббии «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси серб Никола Кавазович роҳбарӣ мекунад.

Ҷавонони Шри-Ланка танҳо дар қисми аввали бозӣ муқобилият карда, истодагарӣ карда тавонистанду халос. Ҳисоби бозиро шогирдони Кавазович дар дақиқаи 24-ум боз карданд. Голро ба дарвозаи Эмомалӣ Сониев Ҷохар Муҳаммад Зарван зад. Дар дақиқаи 37-уми вохӯрӣ бозигарони шри-ланкагӣ дар ҷаримагоҳи худ Ромиш Ҷалиловро аз пой афтонданд. Парвизҷон Умарбоев пеналтиро бе хато ба самар расонида ҳисобро баробар кард. Қисми аввали вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб поин шуд.

Дар қисми дуюм бошад, ҷавонони Тоҷикистон чор маротиба шогирдони Николаро маҷбур карданд, ки бозиро аз маркази майдон оғоз кунанд. Голҳои Тоҷикистонро Фирӯз Раҳматов, Наврӯз Рустамов, Ҷаҳонгир Алиев ва Ҷаҳонгир Эргашев ба ҳадаф расониданд.  Бозӣ бо натиҷаи 5 бар 1 ба фоидаи ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт, ки ин ғалабаи аввалину охирини онҳо дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» гардид.

Дар бозии дигар дар квартети мо соҳибони майдон – ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб бар Яман бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ғолиб шуданд.

Ҳамин тариқ, Имроти Муттаҳидаи Араб бо нӯҳ имтиёз аз ҷои аввали гурӯҳи «D» ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифт. Роҳхати дуюми ин гурӯҳро ҷавонони Яман ба даст дароварданд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон баъди ғалабаи ба таъхир афтода бар шогирдони Кавазович, бо се имтиёз зинаи сеюмро ишғол кард.

Аз гурӯҳҳои дигар ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 мунтахабҳои ҷавонони Ироқ («А»), Арабистони Саудӣ («С»), Сурия («Е»), Австралия («F»), ҶХДК, Таиланд («G»), Кореяи Ҷанубӣ («H»), Ҷопон, Ветнам («I») ва Чин («J») роҳхат гирифтанд.

Соҳибони ду роҳхати дигари марҳилаи ниҳоӣ баъд аз дар гурӯҳи «В» анҷом шудани марҳилаи интихобӣ маълум мешаванд.

 

Чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони зери 23-сола. Сабқати интихобӣ

Гурӯҳӣ «D». Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка – 5:1

Голҳо: Ҷохар Муҳаммад Зарван, 25 (0:1). Парвизҷон Умарбоев, 37 (1:1). Фирӯз Раҳматов, 46 (2:1). Ҷаҳонгир Алиев, 71 (3:1). Наврӯз Рустамов, 82 (4:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 88 (5:1).

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев, Наврӯз Рустамов, Алишер Шарипов (капитан), Бахтиёр Азимов, Саидхони Амрохон, Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарипов, 29), Ромиш Ҷалилов (Абдулло Саидов, 62), Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев (Бузургмеҳр Раҳмоналиев, 85), Фирӯз Раҳматов, Ҷаҳонгир Эргашев.

31 март. Фуҷайра (ИМА). Варзишгоҳи «Калба». 150 тамошобинон.

ИМА – Яман – 1:0

  Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Имтиёз
1 ИМА 3 3 0 0 8-0 9
2 Яман 3 2 0 1 7-2 6
3 Тоҷикистон 3 1 0 2 6-6 3
4 Шри-Ланка 3 0 0 3 1-14 0

Добавить комментарий