Баъд аз анҷоми бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия (0:0) дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд нишасти хабарӣ доир гардид, ки дар он ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо мутаносибан хаким Фузайлов ва Айман АлғҲаким посух доданд
Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон:
“Айни замон мунтахаби миллии Сурия ба мусобиқаи дигар омодагӣ мегирад. Рӯзи 1-уми сентябр дар доираи бозиҳои марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии Ҷоми ҷаҳон -2018 дар Осиё, тими миллии Сурия дар сафар бо Узбекистон вомехӯрад. Дар раддабандии ФИФА ҳам Сурия нисбат ба дастаи мо болотар меистад. Сурия бисёр дастаи хуб аст. Солҳои охир ба мунтахаби миллии Тоҷикистон имкони дастболо шудан бар Сурия муяссар нашудаст. Хурсандибахш аст, ки силсилаи ин бебарорӣ канда шуд. Бисёр афсӯс, ки дар ин бозӣ легионерҳои мо – Нуриддин Давронов, Даврон Эргашев ва Парвизҷон Умарбоев иштирок карда натавонистанд. Ба ин нигоҳ накарда ҷонибҳои мусбати ин бозӣ ҷой доранд. Мо ҷавонони боистеъдоде дорем, ки аз уҳдаи ин санҷиши мушкил баромада, сарбаландона муқобили дастаи пурқувват бозӣ карданд. Албатта, бартарӣ дар бозӣ ҷониби тими Сурия буд, вале мо аз уҳдаи кори худ баромадем ва ман бисёр шодам, ки бачаҳо чӣ будани дастурро (установка) дарк мекунанд. Онҳо имрӯз он вазифаеро иҷро карданд, ки мо дар наздашон гузошта будем. Бозӣ барои мунтахаби мо бисёр манфиатнок шуд. Имрӯз якбора чор нафар бозигарони ҷавони мунтахаби миллии Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки барои бори аввал дар ҳайати даста ба майдон бароянд. Ҳаяҷон дар бачаҳо вуҷуд дошт, аммо танҳо бо дастаҳои пурқувват бозӣ карда, дастаи мо таҷрибаи худро такмил дода метавонад”-иброз намуд Фузайлов.
Айман Ал-Ҳаким, сармураббии мунтахаби миллии Сурия:
«Боз як бори дигар мехоҳам ба мизбонон барои истиқболи гармашон изҳори сипосгузорӣ баён созам. Ман фикр мекардам, ки мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси соҳиби майдон бештар ҳамла мекунад, аммо баръакс тими шумо бештар ҳимоя намуд. Росташро гӯям ин тавр сурат гирифтани кор барои мо ғайримунтахир буд. Мо аз ин бозӣ барои худ хулосаҳои заруриро баровардем. Дар Тошканд низ мо дар ҳамон шароити иқлимие бозӣ мекунем, ки ин ҷо ҳаст. Дастаи мо натавонист бозии хуби худашро нишон диҳад. Мунтахаби миллии Тоҷикистон хуб муҳофизат кард, аммо дар хати пеш ягон лаҳзаи қуллайро созмон дода натавонист. Имкон дорад, дастури ситоди мураббиёни соҳибони майдон ба ин бозӣ чунин буд» – иброз намуд, сармураббии мунтахаби миллии Сурия Айман Ал-Ҳаким.