Ситоди мураббиёни тими миллии мамлакат бо сардории иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Мубин Эргашев ҳайати дастаро барои иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо тимҳои миллии Қирғизистону Урдун эълон кард.
Рӯйхат аз 23 бозигар иборат аст, ки ба он се нафар легионерон – муҳофизон Фарҳод Восиев (“Газовик”, Русия), Давронҷон Эргашев (“Жетису”, Қазоқистон) ва Манучеҳр Ахмедов (“Ал-Аҳлӣ”, Баҳрайн) низ шомил ҳастанд.
Омодагиро бо бозиҳо бо Қирғизистону Урдун мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 3 октябр, оғоз намуда, пагоҳ бегоҳӣ ба Бишкек сафар мекунад. Бозӣ бо мунтахаби миллии Қирғизистон рӯзи 8 октябр дар Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков соати 19.00 ба вақти Душанбе ва бозӣ бо мунтааби миллии Урдун бошад, рӯзи 13 октябр дар Варзишгоҳи Амман соати 21.00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.
Ҳайти мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳо бо тимҳои миллии Қирғизистону Урдун:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);
Муҳофизон: Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Манучеҳр Ахмедов («Ал-Аҳлӣ», Баҳрайн), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);
Ниммуҳофизон: Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳар ду аз «Хуҷанд»).