Ҳайати мунтахаби миллӣ ба бозӣ муқобили Австралия эълон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби миллӣ ба бозӣ муқобили Австралия эълон шуд

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати дастаро ҷиҳати ширкат дар бозии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 муцобили чемпиони феълии Осиё, мунтахаби миллии Австралия номбар кард. Бозӣ рӯзи 24 март дар шаҳри Аделаидаи Австралия доир мешавад.

Ба бозӣ муқобили “кенгуруҳо” 18 нафар бозигарон – 2 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 6 ниммуҳофизатгар ва 3 нафар ҳамлагарон даъват шуданд. Омодагиро ба бозии дар пеш истода мунтахаби миллии мо рӯзи 17 ммарт оғоз мекунад. Соати 16:30 ҳайати мунтахаби миллии кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷуммҳуриявӣ тамрини аввалини худро мегузаронад.

Рӯзи 19 март бошад, ҳайати намояндагии мунтахаби миллӣ бо хатсайри ҳавоии транзитӣ тавассути Дубай ба Аделаида сафар мекунад.

Ёдрас мешавем, ки бозии даври нуҳуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия рӯзи 24 март, соати 19:30 ба вақти маҳалӣ (соати 14:00) ба вақти Душанбе дар Варзишгоҳи “Аделаида Овал” дар шаҳри Аделаидаи Австралия доир мешавад. Ин бозиро ҳайати доварон бо роҳбарии сардовар, рефери 30 солаи ФИФА аз давлати Қатар Фаҳад Ҷаббор Ал-Марри хизматрасонӣ мекунад.

 

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозӣ муқобили Австралия:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама аз “Истиқлол”), Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Ахмедов, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизон: Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Комил Саидов («Барқчӣ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (КМВА «Помир»).

Добавить комментарий