Абдураҳим Бобоев дар семинари КФО иштирок кард – Федерация Футбола Таджикистана

Абдураҳим Бобоев дар семинари КФО иштирок кард

Роҳбари шӯъбаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди маълумотнокӣ Абдураҳим Бобоев дар семинари байналмилалии КФО барои роҳбарони департаментҳои доварони Федератсияҳои миллии узви Конфедератсияи футболи Осиё ширкат кард. Семинари мазкур дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд.

Семинар се рӯз идома карда, дар он намояндагони 40 ассотсиатсияи миллӣ ширкат намуданд. Семинарро дастурдиҳандагони ФИФА ва КФО Али Траифи (Арабистони Саудӣ), Субҳиддин Моҳд Солеҳ (Малайзия), Кристина Тсоколай (Австралия) и дастурдиҳандаи доварони футзали  ФИФА ва КФО Ясухиро Матсузаки (Ҷопон) роҳбарӣ карданд.

boboev_referee4

Добавить комментарий