Ҳамлагари 22-солаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев, ки мавсими футболи соли гузашта дар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бозӣ мекард, акнун карераи бозигарияшро дар бошгоҳи футболи “Динамо”-и Брести Беларус идома медиҳад.
Ҷаҳонгир Эргашев зимистони имсол дар бошгоҳи “Белшина”-и Бобруйски Беларус аз санҷиш гузашта буд, вале шароити шартнома ҷонибҳоро ба мувофиқа наовард. Бинобар ин, Ҷаҳонгир барои озмоиш ба бошгоҳи “Динамо” рафтааст. Шартномаи футболбози тоҷик бо ин бошгоҳ муҳлати шаш моҳро дарбар мегирад, ки он баъдан имкони тамдид карданро дорад.
Бояд гуфт, ки “Динамо” дар мусобиқоти соли гузаштаи қаҳрамонии Беларус дар байни 14 даста дар мақоми 12-ум қарор гирифта буд. Ҷаҳонгир Эргашев метавонад имрӯз, 2 апрел, барои аввалин бор дар ҳайати “Динамо” дар бозии чемпионати Беларус дар Брест муқобили БАТЭ (Борисов) ба майдон ояд.