Рӯзи сешанбеи 6 октябр бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони зери 19 сола ҷамъбаст шуда, ҳаммаи 16 мунтахаби иштирокчии марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа маълум шуданд. Финали мусобиқа соли оянда дар давлати Баҳрайн доир мешавад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз 2 то 6 октябр дар гурӯҳи “F” дар Душанбе ширкат намуд. Дружинаи Салоҳиддин Ғафуров аз 9 имтиёзи имконпазир 6 имтиёзро соҳиб шуда, дар гурӯҳ соҳиби ҷои дуюм ва ҳамчун дастаи нишондиҳандаҳояш бартари ҳаммаи гурӯҳҳо соҳиби роҳхати марҳилаи ниҳоии мусобиқа шуд.
Рӯйхати ҳаммаи дастаҳое, ки соҳиби роҳхатӣ марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 ба Баҳрайн шудаанд:
- Узбекистон – ғолиби гурӯҳи “А”;
- Арабистони Саудӣ– ғолиби гурӯҳи “В”;
- Имороти Муттаҳидаи Араб – ғолиби гурӯҳи “С”;
- Қатар – ӯолиби гурӯҳи “D”;
- Эрон– ғолиби гурӯҳи “E”;
- Ироқ– ғолиби гурӯҳи “F”;
- Ветнам – ғолиби гурӯҳи “G”;
- Кореяи Ҷанубӣ – ғолиби гурӯҳи “H”;
- Хитой– ғолиби гурӯҳи “I”;
- Япония – ғолиби гурӯҳи “J”;
- ТОҶИКИСТОН– якум беҳтарин натиҷа дар байни дастаҳои ҷои 2-юми ҳаммаи гурӯҳҳо;
- Австралия – дуюм беҳтарин натиҷа дар байни дастаҳои ҷои 2-юми ҳаммаи гурӯҳҳо;
- Таиланд – сеюм беҳтарин натиҷа дар байни дастаҳои ҷои 2-юми ҳаммаи гурӯҳҳо;
- КНДР – чорум беҳтарин натиҷа дар байни дастаҳои ҷои 2-юми ҳаммаи гурӯҳҳо;
- Яман– панҷум беҳтарин натиҷа дар байни дастаҳои ҷои 2-юми ҳаммаи гурӯҳҳо;
- Баҳрайн– мизбони чемпионати Осиё -2016.
Ҳаминро қайд мекунем, ки чемпиони феълии Осиё дар миёни дастаҳои ин синну сол мунтахаби ҷавонони Қатар мебошад. Мунтахаби ҷавонони Қатар соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар мунтахаби ҷавонони ҶХДК бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шудааст.