Сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров дар нишасти хабарии баъд аз бозӣ, бохти дастаашро аз Ироқ шарҳ дод.
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон:
– Мо ба ин бозӣ омодагӣ гирифтем, аммо мутаассифона дар бораи дастаи рақиб маълумоти кофиро надоштем. Баъд аз голи якум бачаҳои мо ҳарос доштанд, ки боз ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Бозигарони ироқӣ нисбати бачаҳои мо қадбаландтар ҳастанд. Ва маҳз голи якумро аз ин истифода карда ба дарвозаи мо заданд. Ҳамаи лаҳзаҳои хавфноки голзанӣ аз ҷониби бозигарони мунтахаби Ироқ ҳангоми иҷрои зарбаҳои ҷаримавӣ ва ё тӯбҳои кунҷӣ созмон меёфтанд. Дар қисми дуюм бачаҳо кӯшиши беҳтар бозӣ карданро доштанд, аммо дар хати пеш муваффақ намешуданд. Дар охири бозӣ бошад голи дуюмро сар дода, бозигарони мо гӯё ба бохт тан доданд.
Новобаста ба бохт мо ҳанӯз имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорем. Дар ду бозии боқимонда ғалаба карданамон лозим аст. Кӯшиш мекунем, ки минбаъд ба хатогиҳо роҳ надиҳем.
Аз фурсат истифода карда ба мухлисон барои дастгирияшон сипосгузорӣ мекунам. Имрӯз шумораи онҳо зиёд набуд, аммо дастгирии онҳоро мо эҳсос намудем.
Аббас Атеа, сармураббии мунтахаби ҷавонони Ироқ:
– Бозӣ ниҳоят мушкил шуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаи пурқуват аст. Мо аз аввал дар назди худ мақсади ғалабаро гузошта будем. Агар бозӣ дуранг ҳам анҷом меёфт ман аз натиҷа қаноатманд будам. Мо кӯшиш мекунем, ки ба ин тартиб муборизаро идома диҳем ва зинаи якумро соҳиб шавем. Мо имрӯз дар муҳофизат бисёр дастҷамъона бозӣ кардем. Мо аз мавқеъҳои заифи дастаи рақиб истифода кардем. Мавқеъҳои заифи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бошад, хатҳои ниммуҳофизат ва ҳамлагари даста ба ҳисоб мераванд. Вақте ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Эрон ҷамъомади таълимӣ ва бозиҳои санҷишӣ мегузаронид, мо намояндаи худро барои омӯзиши ба он ҷо фиристонидем ва ӯ натиҷаи таҳлили худро бароямон пешниҳод сохт, ки мо аз он истифода кардем.
Имрӯз дар қисми дуюм дастаи мо нисбат ба ниммаи аввал хуб бозӣ накард, аммо дар натиҷа мо ғалабаи бисёр муҳимро соҳиб шудем. Новобаста ба ғалабаи имрӯза, ман чунин намеҳисобам, ки мо аллакай ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё баромадем. Дар пеш ду бозии дигар бо мунтахабҳои Молдиву Баҳрайн дорем ва мо кӯшиш мекунем, ки дар гурӯҳ ҷои якумро соҳиб шавем.