Ҳамлагари 20-солаи мунтахаби миллӣ ва олимпии Тоҷикистон (U-23) Далер Шарифов дастаашро дар Суперлигаи Ӯзбекистон иваз кард.
Ҳамлагар ба ҳайси бозигари озод ба дастаи «Шӯртан»-и Гузар, ки имсол дар Суперлигаи Ӯзбекистон баромад мекунад, гузашт. Охирин бошгоҳи Далер Шарифов «Металлург»-и Бекобод буд, ки дар ҳайати он дар 24 бозии мавсими гузашта се гол задааст.
Далер Шарифов соли гузашта дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон аввалин бор ҳунарнамоӣ карда буд. Ҳоло дар ҳисоби ӯ панҷ вохӯрӣ бо пироҳанҳои тими миллии кишвар сабт гардидааст.