Дар чорчӯби Ёддошти ҳамкорӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия ҳайати доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби бонувони Русия ва Озарбойҷон даъват шуд.
Довари марказӣ довари ФИФА Нодира Мирзоева хоҳад буд. Ба ӯ дар хат ёварони довари ФИФА – Дилшода Раҳмонова ва Фарҳод Куралов кӯмак мекунанд.
Рӯзҳои 28 ноябр ва 2 декабр дар Сочи бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Русия ва Озарбойҷон баргузор мешаванд.