Дар доираи татбиқи барномаи рушди Конфедератсияи футболи Осиё – “Kick-Оff” дар Тоҷикистон, имрӯз, 29 сентябр, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат семинар дар мавзуи литсензиякунонии бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон доир шуд.
Дар кори семинар менеҷери барномаи рушди “Kick-Оff” дар Тоҷикистон Йогеш Десай, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва роҳбарони бошгоҳҳои лигаҳои оливу якуми Тоҷикистон, инчунин мутахассисони ЛМФТ ширкат карданд.
Дар семинар масъалаҳои марбут ба литсензиякунонии бошгоҳҳои футбол мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, намондагони бошгоҳҳои футболи кишвар ба суолҳояшон посухи мушаххас гирифтанд. Менеҷери барномаи рушди “Kick-Оff” дар Тоҷикистон Йогеш Десай муҳимияти литсензиякунонии бошгоҳҳои футболро ба ширкаткунандагони семинар шарҳ дод.
Гуфтан ба маврид аст, ки сар аз ин сол Федератсияи футболи Тоҷикистон ба узвияти барномаи рушди “Kick-Оff”-и Конфедератсияи футболи Осиё шомил шуд. Қаблан, 24 федератсияи миллии футболи КФО аъзои ин барнома шудаанд.