Роҳбарияти ФФТ тими миллии футзали Тоҷикистонро ба Ҷоми ҷаҳон-2024 гусел кард – Федерация Футбола Таджикистана

Роҳбарияти ФФТ тими миллии футзали Тоҷикистонро ба Ҷоми ҷаҳон-2024 гусел кард

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон пеш аз Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии футзали Тоҷикистон хайрухуш кард. Имрӯз дастаи мо ба Ӯзбекистон сафар намуд.

Пеш аз парвоз ба Тошканд дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ва котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов бо даста вохӯрданд.

Зимни суҳбати самимӣ роҳбарияти ФФТ бо даста хайрухуш карда, ба онҳо дар чемпионати ҷаҳон комёбӣ таманно намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футзал-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Ҳарифони яккачини мо мунтахабҳои Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд. Ду бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва вохӯрии сеюм дар Бухоро доир мешаванд.

Назари худро бинависед