Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе омодагиро оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе омодагиро оғоз кард

Имрӯз, 25 сентябр, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ҷамъомади ҷамъбастии омӯзишию машқии худро ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F”, ки аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад,оғоз намуд.

Сармураббии даста Салоҳидин Ғафуров барои иштирок дар ин ҷамъомади таълимӣ ба ҳайати даста 25 бозигарро даъват кардааст, ки 3 нафарашон дарвозабон, 7 нафарашон муҳофизатгар, 9 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 6 нафарашон ҳамлагар мебошанд. Ба дархостномаи ахирӣ барои ширкат дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 бошад, аз ин ҳайат 23 бозигар шомил мешаванд.

Дар марҳилаи пешакии чемпионати Осиё-2016  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” бо мқнтахабҳои ҷавонони Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки мунтахаби ҷавонони мо соати 18.00 доир хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа ғолибони гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷои дуюм роҳхат мегиранд.

Агар мунтахаби Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа мебошад, дар гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё  ба қатори панҷ дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаашон беҳтари гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми нишондиҳандааш беҳтар ба марҳилаи финалии сабқат роҳ меёбад.

tjk_u19_2

Ҳайати мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишию машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Бехрӯз Хайриев, Шаҳром Исмоилов (ҳар ду аз «Вахш»), Муродулло Саидов (“Равшан”);

Муҳофизон: Алишер Сафаров, Абубакр Азимов, Табрези Давлатмир, Наврӯз Абдул, Қувватбек Равшанбеков, Алишер Баротов (ҳама аз «Вахш»), Алишери Ҳотам (КМВА «Помир»);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Шарипов, Худойдод Узоқов, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков, Муҳаммадҷони Ҳасан (ҳама аз «Вахш»), Амирҷон Сафаров («Истиқлол»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Барқи тоҷик»);

Ҳамлагарон: Саидҷон Шарипов, Нуриддин Ҳамроқулов, Ҳиматулло Малодӯстов, Азиз Бегов (ҳама аз «Вахш»), Суннатулло Холов («Равшан»), Рустам Толибов (КМВА «Помир»).

 

Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи “F”:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

15:00 – Баҳрайн – Молдив

18:00 – Ироқ – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

15:00  Молдив – Ироқ

18:00  ТОҶИКИСТОН  Баҳрайн

 

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

15:00 – Ироқ – Баҳрайн

18:00 – Молдив  ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий