Бо қарори Шӯрои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи мамлакат, бозии даври чордаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ба санаи 20 октябр гузаронида шуд.
Сабаби ба мавқуф гузоштани ин бозӣ он аст, ки асоси ҳайати дастаи “Вахш” аз ҳисоби бозигарони мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бошад аз 2 то 6 октябр дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” баромад мекунад. Ёдовар месозем, ки марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад.