Доварони хизматрасони бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои зери 19-сола дар гурӯҳи “F” таъин шуданд. Мусобиқа аз 2 то 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад.
Бозиҳои мусобиқаро дар квартети “F” чор нафар рефери ФИФА – Пратап Сингх аз Ҳиндустон, Али Шабан аз Кувайт, Нивон Робеш Гамини ва Ашантха Приядхаршана Диас Понхен Хадига аз Шри-Ланка, инчунин панҷ нафар ёвари рефери ФИФА – Санджива Премалал Веллабада, Иран Удаякантха Локу Кастходадже, Параккрама Хематхунга Дени Гедара Палитха (ҳама аз Шри-Ланка), Алӣ Беҳзод аз Кувайт ва Ал-Шаммахи аз Умон ҳакамӣ мекунанд.
Исмоил Иброҳим Сафирӣ аз Эрон нозири доварон, Моҳд Сайфуддин Бин Абу Бакар аз Малайзия ва Солеҳ Абдулло Муҳаммад Ал-Форсӣ аз Умон комиссари бозиҳо таъин шуданд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо мунтахабҳои ҷавонони Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Молдив (6 октябр) бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳои тими Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18.00 доир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа ғолибони гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷои дуюм роҳхат мегиранд.
Агар мунтахаби Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа мебошад, дар гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори панҷ дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаашон беҳтари гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми нишондиҳандааш беҳтар ба марҳилаи финалии сабқат роҳ меёбад.
Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни ҷавонони зери 19–сола дар гурӯҳи “F”:
Даври 1-ум
2 октябр (ҷумъа)
15:00 – Баҳрайн – Молдив
18:00 – Ироқ – ТОҶИКИСТОН
Даври 2-юм
4 октябр (якшанбе)
15:00 – Молдив – Ироқ
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Баҳрайн
Даври 3-юм
6 октябр (сешанбе)
15:00 – Ироқ – Баҳрайн
18:00 – Молдив – ТОҶИКИСТОН