Футболи кӯдакон: “Умед” ба Геленҷик меравад! – Федерация Футбола Таджикистана

Футболи кӯдакон: “Умед” ба Геленҷик меравад!

Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқа оид ба футбол миёни дастаҳои футболи кӯчаҳои шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми пойтахт ҷамъбаст шуд. Соли сеюм аст, ки ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футболи Душанбе аз рӯи барномаи “Футбол ба назди шумо меояд” ташкил гардонида мешавад.

Дар финали мусобиқаи имсола 18 даста ширкат кард. Мусобиқа 13 сентябр оғоз шуда, рӯзи якшанбеи 20 сентябр поин ёфт. Мусобиқаи имсола вежагии хоси худро дошт. Ғолиби мусобиқа дар баробари болои сар бардоштани Ҷоми пойтахт, инчунин соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии 5-умин сабқати байналмилалии “Тӯби чармин” байни наврасони солҳои таваллудашон 2002-2003 мешуд, ки дар  Геленҷики Федератсияи Русия бо иштироки дастаҳои футболи давлатҳои ИДМ ва Балтика доир мегардад.

Мухлисон давоми як ҳафта шоҳиди 40 бозии шавқовару ҷаззоб бо ширкати футболбозони наврас гаштанд. Ва инак рӯзи якшанбеи 20 сентябр бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқа баргузор шуданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи  “Боруссия” (7 км) бар  “Шоҳмансур” бо ҳисоби минималии 2 бар 1 пирӯз шуд.

Бозии финалӣ миёни дастаҳои “Умед” ва “Фирӯз” воқеан ҳам диданиву хотирмон ҷараён гирифт. Новобаста ба синну соли худ бозигарони наврас бо маҳорати хуб тамошобинонро мафтун карданд. Тақдири бозӣ ва роҳхат ба сабқати байналмилалиро бошад, як голи дар дақиқаҳои охири вохӯрӣ ба дарвозаи ҳариф задаи бозигари “Умед” Варидун Ғоибназаров ҳал кард.

Баъд аз анҷоми бозии финалӣ маросими ботантанаи мукофотонии ғолибону ҷоизадорон ва ҷамъбасти мусобиқа баргузор шуд.

После финального матча состоялась церемония награждение команд-призеров, лучших игроков и закрытие турнира. Асадбеки Алишер (“Шоҳмансур”), Шерзод Додобоев (“Умед”), Мурод Муродов («Фирӯз») ва Билол Сангаков («Боруссия») беҳтарин бозигарони мувобиқа эътироф шуданд ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравиро собиқадорони футболи ватанӣ Владимир Мордовин, Ахмадҷон Бабаханов ва Саид Бобомуродов супориданд.

Медалҳои нуқраро ба дастаи “Борусия” (мураббияш Фарҳод Акрамов) корманди ФФТ Шавкат Ахмедов супорид. Медалҳои нуқраро ба дастаи “Фирӯз” (мураббияш Фирӯз Исматов) муофини раиси Федератсияи футболи Душанбе Увайдо Давлатбеков тақдим сохт. Ҷом, диплом, медалҳои тилло ва роҳхат ба марҳилаи ниҳоии 5-умин мусобиқаи байналмилалии “Тӯби чармин” ба Геленҷики Русияро бошад, ба ғолиби мусобиқа дастаи “Умед” (мураббияш Насим Набиев) президенти Федератсияи Футболи Душанбе Дилшод Ҷӯраев супориданд. Дилшод Ҷӯраев ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа хониши хубу аъло ва  комёбиҳои баланди варзишӣ ва ба дастаи “Умед” бошад, дар марҳилаи ниҳоии “Тӯби чармин” дар Генҷелеки Руссия барору муваффақиятҳоро таманно намуд.

Добавить комментарий