Рӯзи панҷшанбеи 10 сентябр дар майдончаҳои сабзаашон маснӯии Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд анҷом ёфт. Дар бозии финалӣ дастаи “Антикоррупсия” бо ҳисоби 4 бар 2 бар дастаи соҳибони мусобиқа “Истиқлол”-и пойтахт ғолиб шуда, унвони чемпионӣ ва ҷоизапулиро дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ соҳиб гардид.
Ба ин тартиб сабқати бонуфузи ҷумҳуриявии Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида шуд, ҷамъбат гардид. Мусобиқа 8 август оғоз ёфта, рӯзи 10 сентябр анҷом ёфт. Дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ 27 даста ширкат карданд. То бозии финалӣ бошад ду дастаи футболи хурди пурқувваттарини мусобиқа роҳ ёфтанд. Дар бозӣ барои Ҷом ва медалҳои тиллоии сабқат, дастаҳои “Антикоррупсия” ва “Истиқлол” бо ҳам рақобат карданд. Бозии шавқовару тамошобоб бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи антикоррупсионерҳо анҷом ёфт. Се голи ғолибонро Зоир Толибшозода ва як голи дигарро дарвозабони собиқи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Миралӣ Шарипов ба самар расониданд. Голҳои соҳибони мусобиқаро менеҷери бошгоҳ Шаҳзод Сулаймонов ва мураббии ҳайати ҷавонони даста Юсуф Рабиев заданд.
Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ бошад, чемпиони дукаратаи Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи силсилаи зарбаҳои пеналти аз дастаи “Ориёнбонк” бо ҳисоби 5 бар 3 мағлуб шуд. Вақти асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.
Дар маросими ботантанаи мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Рустам Аҳтам, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев, президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов ва бозигарони бошгоҳи футболи пойтахт ширкат намуда, ҷому медалҳо, ифтихорномаҳои фахрӣ ва инчунин чекҳои қимматнокро дар ҳаҷми 40 ҳазор, 20 ҳазор ва 10 ҳазор сомонигӣ, мутаносибан ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа тақдим сохтанд.
Кумитаи тадорукотӣ инчунин беҳтарин бозигарони мусобиқаро низ муайян намуд. Фирӯз Зайниддинов аз “Ориёнбонк” беҳтарин дарвозабон ва Самандар Мирзоев аз “Антикоррупсия” беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуданд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол”-ро, собиқ ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов аз дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ соҳиб шуд. Ҷамшед Исмоилов дар ин мусобиқа ба дарвозаи ҳарифон 28 гол зад.