Доварону нозирони хизматрасони бозиҳои даври сездаҳуми чемпионати футболи Тоҷикистон таъин шуданд. Бозии марказии даврро миёни “Хуҷанд”-и Хуҷанду “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бригадаи Сайёд Зайниддинови душанбегӣ хизматрасонӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 13 сентябр, соати 16.30 дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Қобили қайд аст, ки бо қарори Шӯрои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар тақвими бозиҳои даври сездаҳуми чемпионати мамлакат, тағийрот ворид карда шуд. Бозиҳои байни “Истиқлол” – “Далерон-Уротеппа” ва “Вахш” – “Хайр”, ки бояд рӯзи якшанбеи 13 сентябр доир мешуданд ба ҷумъаи 11 сентябр гузаронида шуданд. Ин тағийрот дар ҷадвали мусобиқа, вобаста ба иштироки чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе, дар бозии ҷавобии чорякфинали Ҷоми АФК бо “Паҳанг”-и Малайзия ва баргузории ҷамъомади таълимӣ – машқии мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон дар Эрон ворид карда шуд. Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа асосан аз ҳисоби бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 13 сентябр ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишӣ – машқӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар мекунад, созмон ёфтаст.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум
11 сентябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо соати 16:30
«ИСТИҚЛОЛ» – «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА»
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Ёварон: Рустамбек Хуҷаев (Қабодиён), Насим Ҳамидов (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«ВАХШ» – «ХАЙР»
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Ёварон: Ҳамза Шоймардонов, Исматулло Муминов (ҳар ду аз Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хоҷаев (Қӯрғонтеппа).
Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Қабодиён).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»
12 сентябр (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 16:30
КМВА «ПОМИР» – «БАРҚИ ТОҶИК»
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Ёварон: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Ҷамолиддин Оев (Варзоб).
Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ПАРВОЗ» – «РАВШАН»
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).
Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
ноҳияи Бободҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»
13 сентябр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 16:30
«ХУҶАНД» – «РЕГАР-ТАДАЗ»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).
Довари эҳтиётӣ: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»