Ҳайати доварон аз Тоҷикистон бозиҳои аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро доварӣ мекунанд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тайбейи Чинро дар гурӯҳи «D», ки рӯзи 16 ноябр дар Маскат баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов кӯмак мекунанд.
Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Насрулло Кабиров довари марказии бозии дастаҳои мунтахаби Қатар ва Афғонистон дар гурӯҳи «А» таъйин шуд. Ёвари доварони ФИФА Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод ба Кабиров кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётӣ бар дӯши довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов вогузор шудааст. Ин рақобат рӯзи 16 ноябр дар Доҳа баргузор мешавад.