Дар арафаи бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Австралия, дружинаи Мубин Эргашев бо мунтахаби клубҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии санҷишӣ гузаронд. Бозӣ рӯзи 1 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи мунтахаби миллии Тоҷикистон анҷом ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 78-уми бозӣ ниммуҳофизатгари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев аз пеналти ба самар расонд.
Бозии санҷишӣ
МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН – МУНТАХАБИ КЛУБҲОИ ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Парвизҷон Умарбоев, 78 – аз пеналти.
Мунтахаби Тоҷикистон (ҳайати аввалӣ): Алишер Додов, Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед Маҳмудов, Ҳасан Рустамов, Аҳтам Ҳамроқулов.
Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Алишер Тӯйчиев, Нозим Бобоҷонов, Бахтиёр Чориев, Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Комил Саидов, Парвизҷон Умарбоев, Давронҷон Эргашев, Миралӣ Муродов.
Мунтахаби клубҳои Тоҷикистон (ҳайати аввалӣ): Анатолий Старушенко, Хосе Баллестер, Идибек Ҳабибуллоев, Расул Пайзов, Комрони Мирзонаҷот, Бахтиёр Қаландаров, Маҳдӣ Чоҳҷӯи, Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов, Бледа Родригес, Ҳусейни Сӯҳробӣ.
Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Қурбоналӣ Бобоев, Акуффо Гершон, Ойбек Абдуғаффоров, Саидхони Амрохон, Илҳом Баротов, Сафархон Мирзоев, Андох Наполеон.
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов (мунтахаби Тоҷикистон), Саидхони Амрохон (мунтахаби клубҳои Тоҷикистон).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Парвизҷон Умарбоев (мунтахаби Тоҷикистон).
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) – 7 хол.
Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).
1 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.