Муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Фарҳод Восиев дар бозии навбатии даври ҳаштуми лигаи миллии футболи Русия дар ҳайати “Газовик”-и Оренбург ба муқобили “Томи” ба майдон баромада, давоми 90 дақиқаи пурра бозӣ кард. Ин нахустин бозест, ки дар мависми имсола муҳофизатгари мо онро пурра дар майдон мегузаронад. Новобаста ба бохт бо ҳисоби минималии 0 бар 1 дастаи Фарҳод Восиев бо 18 имтиёз мақоми худро дар зинаи якуми ҷадвали мусобиқа нигоҳ медорад.
Муҳофизатгари дигари мунтахаби миллии Тоҷикистон – Даврон Эргашев, ки дар ҳайати “Жетису”-и Талдиқӯрғони Қазоқистон баромад мекунад, дар даври 24-уми премер-лигаи ин кишвар ба муқобили “Тараз” (1:0) иштирок накарда, дар рӯйхати эҳтиётиён монд. Айни замон дастаи Даврон Эргашев зинаи нӯҳуми чемпионати Қазоқистонро ишғол мекунад.