Дар муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар доираи лоиҳаи «Футбол дар мактаб» фестивал баргузор гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯйи даст гирифта мешавад.
Дар фестивали ифтитоҳӣ ҳудуди 100 нафар духтарони литсейи рақами 3-и Душанбе ширкат карданд. Дар доираи лоиҳаи «Футбол дар мактаб» дар муассисаи таълимии мазкур мусобиқа миёни хонандагони литсей баргузор мешавад.
Қаблан лоиҳаи «Футбол дар мактаб» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и Шаҳринав, мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе, мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии ба номи Михаил Ломоносови шаҳри Бохтар, инчунин муассисаҳои таълимии миёнаи ноҳияи Носири Хусрав ташкил шуда буд.
Мақсади асосии фестивал оммавигардонии футбол миёни наврасон ва ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ мебошад.