Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар бораи бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт, ки пагоҳ, 28-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Кувайт баргузор мешавад, ибрози назар кард.
Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:
– Бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт як марҳилаи хуби омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошанд. Мо тадриҷан ба чемпионати Осиё омодагӣ мебинем. Ба ин ҷамъомади таълимӣ ҳашт довталаби ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23)-ро ҷалб кардем. Айни замон ивазкунии ҳайат рафта истодааст. Дар вохӯрӣ бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳайати асосӣ як қатор бозингароне шомил шуданд, ки дар бозиҳои қаблӣ иштирок накарда буданд. Дар бозӣ бо дастаи Кувайт дар ҳайат боз тағйирот ба амал меояд. Мунтахаби Кувайт рақиби хеле хуб аст. Ҳоло моҳи шарифи Рамазон аст ва қариб ҳамаи бозигарони мо рӯзадоранд. Тавре худи бозигарон мегӯянд, рӯза ба онҳо қувват мебахшад ва ман ин тасмимашонро эҳтиром мекунам.
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон:
– Мо ба бозии дарпешистода бо тими Кувайт омодаем. Рақиб хеле хуб аст, бинобар ин бозӣ осон нахоҳад шуд. Давоми 7 вохӯрии гузашта мағлуб нашудани мо, пеш аз ҳама, хизмати бачаҳо ва тамоми ҳайати мураббиён аст. Бо омадани ҳайати мураббиёни нав дар даста фазои дӯстона ва якдилӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳама бачаҳо кӯшиш доранд, ки бо тими миллӣ ба натиҷаи хуб ноил шаванд. Бо шарофати заҳматҳои зиёд мо ба комёбӣ ноил гардидем ва бори аввал дар таърих ба Ҷоми Осиё роҳ ёфтем.