Ҷоми Тоҷикистон: бозиҳои якуми чорякфиналӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: бозиҳои якуми чорякфиналӣ

Имрӯз, 20 август, се бозии боқимондаи марҳилаи чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. Се дастаи соҳиби майдон – “Равшан”-и Кӯлоб, КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозиҳои аввал ба ғалаба ноил шуданд.

“Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул карда, бо ҳисоби минималии 2 бар 1 мағлуб сохт. Голҳоро аз дастаи “Равшан” Бахтиёр Қаландаров ва легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ ва аз дастаи “Вахш” бошад, аз ҷаримаи ёздаҳметра Кароматулло Саидов ба ҳадаф расониданд. Ин ғалабаи сеюми пайдарҳами дастаи футболи шаҳри Кӯлоб зери роҳбарии Тоҳир Муминов мебошад.

Бозии байни ду дастаи пойтахт – КМВА “Помир” ва “Барқи тоҷик” хеле пуршиддиату шавқовар ҷараён гирифта бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи мудофиачиён анҷом ёфт. Голҳоро аз дастаи соҳибони майдон Комрони Мирзонаҷот, Шамсиддин Қосимов ва Давронҷон Тухтасунов заданд. Ду голи барқчиёнро бошад, Самад Шоҳзуҳуров ва легионери ганагӣ Соломон Течи ба самар расониданд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ намояндаи лигаи якуми мамлакат дар чорякфинали Ҷоми миллӣ – “Саройкамар”-и Панҷро қабул кард. Бозӣ бо бартарии пурраи соҳибони майдон сурат гирифта бо ҳисоби калони 3 бар 0 анҷом ёфт. Ду голи металлургҳоро бозигари ҷавони даста Нозим Бобоҷонов ва як голи дигарро собиқадори даста Фаррух Чориев ба нишон заданд. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ мураббии калони тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук ширкат карда, аз бозии номзадҳо ба тими миллии кишвар бодиққат дидан намуд.

Бозиҳои ҷавобии чорякфинали Ҷоми миллӣ рӯзи сешанбеи 25 август, соати 16.30 доир мешаванд.

Ёдрас месозем, ки чемпиони феълии Ҷоми мамлакат, чорякфиналисти Ҷоми АФК  “Истиқлол”-и пойтахт, аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд (6:1, 0:0) пирӯз гардида, соҳиби роҳхат ба бозии нимфиналӣ шуд. Ин ҳам қобили қайд аст, ки чемпиони мо рӯзи 26 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар доираи бозии якуми Ҷоми КФО-2015 “Паҳанг”-и Малайзияро қабул мекунад. Санаи баргузории бозиҳои “Истиқлол” дар доираи бозиҳои чорякфинали Ҷоми Тоҷиистон бошад,  алоқамандона ба ширкаташ дар марҳилаи чорякфинали Ҷоми КФО аз ҷониби Лигаи миллии футболи кишвар тағйир шуданд.

 

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои якум

«РАВШАН» «ВАХШ» 2:1

Голҳо: Бахтиёр Қаландаров, 7 (1:0). Кароматулло Саидов, 56 – аз пеналти (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 79 (2:1).

 

КМВА «ПОМИР» «БАРҚИ ТОҶИК» 3:2

Голҳо: Комрони Мирзонаҷот, 5 (1:0). Шамсиддин Қосимов, 7 (2:0). Давронҷон Тухтасунов, 9 – аз пеналти (3:0). Самад Шоҳзуҳуров, 11 (3:1). Соломон Течи, 57 (3:2).

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» «САРОЙКАМАР» 3:0

Голҳо: Фаррух Чориев, 12 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 65 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 89 (3:0).

Добавить комментарий