Чемпиони амалкунандаи Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии ҷавобии марҳилаи чорякфинали мусобиқаро бо “Хуҷанд”-и Хуанд мусовӣ ва бидуни гол анҷом карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфт. Ёдрас мешавем, ки бозии якуми ин дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби бузурги 6 бар 1 ба фоидаи дружинаи Мубин Эргашев анҷом шуд.
Рақиби “Истиқлол” дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми миллӣ дар бозии байни “Равшан”-и Кӯлоб ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа маълум мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозии ҷавобӣ
«ХУҶАНД» — «ИСТИҚЛОЛ» — 0:0
Пеналтии амалинашуда: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), 42 – тӯб аз паҳлӯи дарвоза гузашт.
«Худҷанд» (Хуҷанд): Абдулазиз Маҷкамов, Манучеҷр Ахмедов, Соҳиб Ҳакимов, Комрони Мирзохон, Фирӯз Бобиев (Руслан Раҳматов, 88), Ҳоҷибой Зиёев, Бахтиёр Чориев, Ҷаҳонгир Алиев, Ҳасан Рустамов, Фарҳод Тоҳиров, Аҳтам Ҳамроқулов (Дилшод Бозоров, 75).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Маҳди Чоҳҷӯӣ, Эраҷ Раҷабов, Петро Ковалчук (Парвизҷон Умарбаев, 64), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов (Умедҷон Шарипов, 78), Нуриддин Давронов (Хосе Баллестер, 60), Зиёвуддин Фузайлов, Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов (Бледа Родригес, 71).
Огоҳонида шуданд: Хосе Баллестер, Ҷаҳонгир Ҷалилов («Истиқлол»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»).
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.
Инспектор матча: Шухрат Шамсиев (Истаравшан).
19 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.
Бозии якум – 1:6.
1/4 финал. Бозиҳои якум
20 август (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо соати 17:00
«РАВШАН» — «ВАХШ»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Қабодиён).
Кӯлоб, варзишгоҳи мараказӣ
КМВА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК»
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
«РЕГАР-ТАДАЗ» — «САРОЙКАМАР»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири бозӣ: Пулод Қодиров (Душанбе).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»