Мунтхаби миллии футзали Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар Ал-Кувайти Кувайт ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ мегузаронад, рӯзи 13 август бо мунтхабаи миллии футзали ин кишвар бозии дӯстона доир намуд.
Бозӣ шавқовару пуршиддат ҷараён гирифта, бо ҳисоби калони 5 бар 2 ба фоидаи футзалистони тоҷик анҷом ёфт. Ду голи мунтхаби моро бозигари “Бонки миллӣ” Мансур Мамедбабаев ва як голиро Шерзод Ҷумаев, Некрӯз Алимаҳмадов ва Шавкат Ҳалимов ба нишон заданд.
Бозиро ба муқобили мунтахаби футзали Кувайт шогирдони Ҳусейн Шодиев бо чунин ҳайат оғоз карданд: Фирӯз Бекмуродов – Шерзод Ҷумаев, Андрей Георгиевский, Мансур Мамедбабаев ва Шавкат Ҳалимов.
Пагоҳ, 15 август, мунтахабҳои миллии футзали Кувайту Тоҷикистон бори дигар бо ҳам бозии дӯстона мегузаронанд. Оғози вохӯрӣ соати 21.00 ба вақти Душанбе.