Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии санҷишӣ миёни дастаҳои ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистон баргузор шуд.
Вохӯрии санҷишӣ бо ҳисоби 2:0 бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони кишвар (U-20) анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби ҷавонон Фатҳулло Олимзода ва Амадонӣ Камолов аз пеналти муаллифи гол шуданд.
Рӯзи 24 декабр тимҳои ҷавонон ва олимпии Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ бозии дувуми санҷиширо анҷом медиҳанд.
Бозии санҷишӣ
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) – Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) – 2:0
Голҳо: Фатҳулло Олимзода, 11 (1:0). Амадонӣ Камолов, 29 – аз пеналти (2:0).
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Аҳтамов, Азизбек Ҳаитов, Фатҳулло Олимзода, Хусрав Тоиров, Салам Ашурмамадов, Сунатулло Азизов, Амадонӣ Камолов.
Дастаи олимпии Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Муҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Алиҷон Кароматуллозода, Сорбон Ғиёсов, Манучеҳр Сафаров, Масрур Қиёмиддинов, Тоҳирҷон Тағойзода, Алишер Шукуров, Муҳаммад Гулаев, Шаҳром Самиев, Рустам Соиров.
21 декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.