Дастаи мунтахаби наврасони зери 12-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Сафар Раҳмонов дар Фестивали футболии «Asian Youth Football Fiesta» дар шаҳри Ансони Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуд.
Он гуна ки ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии даста Сафар Раҳмонов хабар дод, дар мусобиқа дар баробари дастаи мо боз 46 дастаи дигар аз Куриёи Ҷанубӣ, Хитой, Таиланд, Тимори Шарқӣ, Муғулистон, Фаластин, Непал, Камбоҷа, Афғонистон, Узбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Бангладеш ва Лаос иштирок доштанд.
Ҳамаи 47 дастаи иштирокчӣ ба 9 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В-7» бо дастаҳои «Буйонг», «Сангин» ва «FCC.T.SYothFootballClub» аз Куриёи Ҷанубӣ ва «Сухбаатар Аймаг» аз Муғулистон афтод. Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм баргузор шуданд. Давомнокии бозиҳо ду қисми иборат аз 20 дақиқагӣ.
Дар бозии аввал шогирдони Сафар Раҳмонов дастаи “Сухбаатар Аймага”-и Муғулистонро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб карданд. Голҳоро Муродалӣ Акназаров ва Мустафо Меликшоев ба самар расониданд.
Дар бозии дуюм наврасони тоҷик бар дастаи “Сангин” бо ҳисоби 5 бар 0 ва дар бозии сеюм бар дастаи “Буйонг” бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб шуданд. Дар бозии ҷамъбастӣ дружинаи Сафар Раҳмонов дастаи “FCC.T.SyothFootballClub”-ро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб сохт. Дар натиҷа наврасони тоҷикистонӣ дар ҳамаи бозиҳо ғолибиятро соҳиб шуда, аз ҷониби ташкилкунандагони фестивал бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.