Чемпионати Тоҷикистон: оғози бобарори Тоҳир Муминов – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон: оғози бобарори Тоҳир Муминов

Имрӯз, 8 август, се бозии даври ёздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ “Барқи тоҷик”-ро қабул кард. Ин нахустин бозии “Равшан” зери роҳбарии Тоҳир Муминов буд ва хушбахтона барои сармураббии нав, бозии якум бобарор шуд. Дастаи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз гардид.

“Регар-ТадАз”-и Турсунзода низ дар ин давр дар сафар ба ғалаба ноил шуд. Металлургҳо дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”  “Парвоз” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст доданд. Ба голи аз ҷаримаи ёздаҳметра задаи Абдумалик Юсупов металлургҳо бо се гол ҷавоб гуфтанд. Голҳои “Регар-ТадАЗ”-ро Комил Саидов, Расул Пайзов ва Фаридун Шарипов заданд. Бояд гуфт, ки дастаҳо бозиро бо ҳайати даҳнафарӣ  анҷом карданд. Сардовар Умед Раҳимов барои суханони қабеҳ гуфтан нисбати ҳариф дар дақиқаи 74 бозӣ Комил Саидовро аз “Регар” ва Собир Эргашевро аз “Парвоз” аз бозӣ берун кард.

КМВА “Помир” дар майдони худ бар “Далерон-Уротеппа” бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар ин вохӯрӣ легионери ганагии мудофиачиён Андох Наполеон ба самар расонд.

Барномаи даври 11 чемпионат имрӯҳ бо баргузории ду бозӣ анҷом мешавад. Чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и пойтахт дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Хайр”-и Ваҳдатро қабул мекунад. “Хуҷанд” бошад, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа вомехӯрад. Оғози ин вохӯриҳо соати 17.00.

 

Чемпионатт Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«РАВШАН» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 3:2

Голҳо: Фирӯз Юсупов, 20 (0:1). Сафархон Мирзоев, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 55 (2:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 61 (3:1). Фирӯз Раҳматов, 71 (3:2).

 

«ПАРВОЗ» «РЕГАР-ТАДАЗ» 1:3

Голҳо: Абдумалик Юсупов, 15 – аз пеналти (1:0). Комил Саидов, 16 (1:1). Расул Пайзов, 36 (1:2). Фаридун Шарипов, 84 (1:3).

Аз майдон ронда шудандСобир Эргашев («Парвоз»), 74 – барои таҳқири ҳариф, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), 74 – барои таҳқири ҳариф.

 

КМВА «ПОМИР» «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» 1:0

Гол: Андох Наполеон, 47.

Аз майдон ронда шудАбдусамад Ҳоҷибоев («Далерон-Уротеппа»).

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 10 10 0 0 37-2 30
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 7 2 1 19-7 23
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 6 4 1 18-8 22
4 «Равшан» (Кӯлоб) 11 6 2 3 24-22 20
5 «Хайр» (Ваҳдат) 10 6 1 3 15-13 19
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 11 4 2 5 8-13 14
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 11 3 2 6 13-17 11
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 1 3 6 3-18 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 11 1 2 8 8-22 5
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 11 0 0 11 2-25 0

НишонзанҳоҲусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 10 гол,  Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 8 гол, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 7 гол, Дилшод ВОСИЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳар ду аз «Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан») – 5 голӣ.

Добавить комментарий