Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) рақибони худро дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 пайдо кард.
Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки имрӯз, 3 ноябр дар қароргоҳи КФО баргузор шуд, мунтахаби занонаи то 20-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е»-и даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Тайланд, Тайбейи Чин ва Ӯзбекистон мебошанд. Мусобиқаи интихобӣ дар ин чаҳоргона аз 4 то 12 марти соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи марҳилаи аввал ба даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 роҳ меёбанд.
Натоиҷи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои занонаи то 20-сола чунин аст:
Гурӯҳи «А»: Чин, Лаос (мизбон), Ҳонконг, Филиппин.
Гурӯҳи «В»: Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, Фаластин (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Австралия, Қирғизистон (мизбон), Гуам, Ироқ.
Гурӯҳи «D»: Лубнон, Урдун (мизбон), Муғулистон, Бутан.
Гурӯҳи «Е»: Тайланд (мизбон), Тайбейи Чин, ТОҶИКИСТОН, Ӯзбекистон.
Гурӯҳи «F»: Ветнам (мизбон), Ҳиндустон, Сингапур, Индонезия.
Гурӯҳи «G»: Мянмар, Малайзия, Покистон, Камбоҷа (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Эрон, Бангладеш (мизбон), Туркманистон.