ДАҲ СОЛЕ, КИ ФУТБОЛИ ТОҶИКРО МУОСИРУ ЗАМОНАВӢ ГАРДОНД – Федерация Футбола Таджикистана

ДАҲ СОЛЕ, КИ ФУТБОЛИ ТОҶИКРО МУОСИРУ ЗАМОНАВӢ ГАРДОНД

Инак, 10 сол мешавад, ки Рустами Эмомалӣ футболи тоҷикро роҳбарӣ дорад. Дар ин давра футболи ватанӣ чи гуна ба тағйиру таҳавуллот рӯбарӯ гашт, ба чи муваффақиятҳо даст ёфт ва имрӯз кадом мавзуҳо ҳаллу фасл мешаванд. 

Айни замон футболи Тоҷикистон давраи пурталотумеро ба сар бурда, дар марҳилаи дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад. Ислоҳоти системаи комили футбол чи дар ташкили тамоми кори федератсия ва чи дар бобати ба талаботи замон мувофиқ гардондани зерсохтори он давом дорад.

 

САЙРИ МУХТАСАРЕ БА ТАЪРИХ 

Ҳамаи ин ба шарофати дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули барномаҳои давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид.

Барои ба таври аёнӣ нишон додани ин таҳаввулот, биёед аввал ба таърихи мухтасари ФФТ дар солҳои Истиқлолият назар мекунем.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти кишвар, Федератсияи футболи Тоҷикистон  25 декабри соли 1991 ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи футболи Тоҷикистон» дубора эҳё гардонида шуд. Соли 1994 бошад ба сифати намояндаи давлати мустақил ба узвияти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) пазируфта шуд. Дар даҳсолаи аввал (1992-2001) ФФТ давраи душвори ташаккулро аз сар гузаронд. Ташкили чемпионати дохилӣ низоми мураттаб надошт, вале касбияти бозигарон баландтар буд, зеро ҳамаи онҳо шогирдони мактаби футболи давраи шӯравӣ буданд.

Аз ин рӯ, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё рақобатпазиртар буд ва имкон дошт, ки ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқаҳо роҳ ёбад. Аммо бо сабабҳои гуногун ин имкониятҳо аз даст раҳо шуданд.

Дар даҳаи дуюм (2002-2011) бошад футболи тоҷик мувоҷеҳи камбудӣ ва нуқсони солҳои 90-ум гардид. Ин аз он сабаб буд, ки футболи кӯдакону наврасон мисли дигар ҷузъҳои муҳими футболи муосир: зерсохтор, омодасозии менеҷмент, омодасозии мураббиёну доварон аз таваҷҷӯҳ дур монд.

Дар даҳсолаи дуюм кӯшиши аз нав эҳё гардонидани футболи мо ба амал омад. Шумораи мусобиқаҳо байни дастаҳои футболи кӯдакону наврасон зиёд шуд. Дастаи мунтахаби наврсони  Тоҷикистон барои аввалин бор ба қаҳрамонии ҷаҳон байни наврсон роҳ ёфт, ки ин рӯйдоди бузурги таърихӣ буд. Аммо, сарфи назар аз ин ҳама муваффақиятҳо, ташкили футбол роҳбарии касбӣ ва мушаххасро талаб мекард, зеро футболи тоҷик аз талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ хеле ва хеле ақиб монда буд.

Вақте соли 2012 Рустами Эмомалӣ ба ҳайси роҳбари соҳа интихоб гардид, футболи тоҷик дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошт. Тамоми ҷомеаи футбол дарк карда буд, ки барои аз ин рукуд баромадан, ислоҳоти мушаххас лозим аст. Аммо касе намедонист, ки чӣ тавр ин корро анҷом диҳад ва як шахси қавииродае лозим буд, ки футболро сарварӣ кунад ва ислоҳотро оғоз намояд. Аз ин рӯ, вақте Рустами Эмомалӣ ба мақоми роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд, бештари коршиносон ва ҳаводорони футбол ин интихобро бо ризоият пазируфтанд.

АЗНАВСОЗИИ ФУТБОЛИ ТОҶИК 

Даҳсолаи нави (2012-2022) таърихи футболи тоҷик навгониҳои зиёди хушбинкунандаро ба бор овард. Ислоҳоти футболи тоҷик дар солҳои охир нишон медиҳад, ки футболи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои равшану намоёнро паси сар карда, ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Бо ибтикори бевоситаи раиси ФФТ дар кишвар садҳо барномаву нақшаҳои ҷолиб барои рушду беҳбуди футбол амалӣ гардонида шуданд.

Сохтмони майдонҳои футбол ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Лигаҳои мувофиқи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, мактаби доварони ҷавон ба фаъолият шуруъ кард. Бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар раддабандии AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

Командаи ҷавони Рустами Эмомалӣ сохтори менеҷменти футболро ба кулли тағйир дода, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуд. Дар як муддати кӯтоҳ шуъбаю кумитаҳои зарурӣ ташкил ёфта, ба онҳо мураббиёну мутахассисон ҷалб шуданд. Барои баланд бардоштани савияи касбии тамоми мутахассисони соҳа, аз ҷумла доварон, мураббиён, маъмурон, маркетологҳо курсу семинарҳои зиёди байналмилаливу дохилӣ ташкил карда шуданд. Ин чорабиниҳоро дастурдиҳандагони ботаҷрибаи ФИФА ва AFC роҳбарӣ намуданд.

Ба шарофати раванди дурусти рушди ҳамаҷонибаи футболи тоҷик, дар ҷумҳурӣ теъдоди мураббиёни дорои иҷозатномаи дараҷаи «Про» афзоиш ёфт ва дар назар аст, ки ба зудӣ дар дохили худи Тоҷикистон имконияти омӯзиш ва соҳиб шудан ба ин муҷаввиз дастрас мешавад.

Ба тарбияи доварон ва нозирону комиссарони бозиҳо низ таваҷҷӯҳи калон дода мешавад. Имрӯз аксари аъзои ҳайати доварони ФФТ доварони ФИФА мебошанд ва дар майдонҳои тамоми қитъа бозиҳои сатҳи байналмилалиро хизматрасонӣ мекунанд.

Имрӯзҳо комиссарони футболи Тоҷикистонро барои идораи раванди баргузории бозиҳои муҳими байналмилалӣ даъват мекунанд. Соли дуюм аст, ки пизишкони Раёсати тиббии ФФТ дар бозиҳои таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ба ҳайси афсари тиббӣ таъин мешаванд.

Аммо то соли 2012 инро ҳатто орзу кардан мумкин набуд.

Баъди ба вазифаи Президенти ФФТ интихоб шудани Рустами Эмомалӣ тамоми низоми футболи ватанӣ симои нав гирифт. Низомномаву барномаҳои нав роҳандозӣ гардида, ҷиҳати татбиқи бечунучарои онҳо чораҳои қатъӣ андешида шуданд. Дар тамоми соҳаи футбол тартибу низом  ҷорӣ карда шуд. Масалан, пеш бозингарон аз футболи калон дар мусобиқаҳои футзал бе ягон мамониат баромад мекарданд. Раҳбарияти ФФТ бо ташкили лигаи касбии футзал ин гузариши муваққатиро манъ кард. Ҳоло комёбиҳои Тоҷикистон дар футзал чи дар сатҳи бошгоҳӣ ва чи дар сатҳи тими миллӣ ба чашми оддӣ маълум шудааст. Ба инкишофи футболи занона диққати махсус дода мешавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ лигаи футболи бонувон низ амал мекунад.

Дар солҳои роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар футболи тоҷик сомонаи расмии ФФТ ба фаъолият оғоз намуд. Бори аввал дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии ТВ «Варзиш» ва ТВ «Футбол» таъсис ёфтанд. Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият ёфт. Дар баробари ба фаъолият оғоз намудани шабакаҳои телевизионии болозикр, ҷиҳати омода намудани мутахассисони варзидаи расонаҳо низ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Садҳо нафар ҷавонони болаёқат бо ҷои кори доимӣ ва маоши баланд таъмин карда шуданд.

Дар ин давра ба фаъолияти Федератсияҳои минтақавӣ низ таваҷҷӯҳи лозима изҳор карда шуд. Зеро, бе мавҷудияти ин ниҳодҳои зертобеи Федератсия бозии футболро дар минтақаҳо рушду инкишоф бахшидан ғайриимкон буд. Федератсияҳои футболи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ бо ашёҳои зарурии корӣ таъмин карда шуданд. Бо дастури бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун ташкил карда шуд. Айни ҳол аз ҷониби Федератсияи мазкур барои инкишофи футбол дар ин минтақаи кӯҳистони кишвар чораву тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд, ки дар маҷмуъ барои дурнамои футболи ватанӣ мувофиқу судманд аст.

Дар яке аз баромадҳои худ Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ қайд намуд, ки “ Фаъолияти ҳар як Федератсия аз рӯи баромади дастаҳои мунтахаб баҳогузорӣ мешавад. Имкон дорад, ки  инфрасохтори футбол беохир такмил диҳем, лоиҳаҳои нав таҳия намоем, шарикон ва сарпарастонро ҷалб кунем, ташаббус нишон диҳем, аммо хеле муҳим аст, ки дастаи мунтахаби миллии кишвар ба натиҷаи мусбӣ ноил гашта, ба мусобиқаҳои бузурги Осиё роҳ ёбад”.

КӮДАКОН – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ 

Раҳбарияти нави ФФТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ тамоми низоми футболи наврасонро тағйир дод. Пеш аз ҳама, низоми муътадили мусобиқаҳо ба вуҷуд оварда шуд, Лигаи кӯдакону наврасон созмон дода шуд, мактабҳо ва академияҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Ҳоло қариб ҳамаи дастаҳои касбии футболи кишвар аз рӯи синну солашон гурӯҳҳои пурраи кӯдакона доранд. Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷоизаи “Беҳтарин лигаи наврасони Осиё дар соли 2019”-ро соҳиб шуд.

Барои мукамалгардонии низоми футболи кӯдакону наврасон, ФФТ бо Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Футбол (ФИФА) ҳамкории зичро роҳандозӣ намуд.

Дар яке аз ҳамоишҳо ФИФА қайд намуд, ки ФФТ нахустин Ассотсиатсияи миллие шуд, ки ҷиҳати амалисозии барномаи «Forward» бо вай шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур Федератсияи футболи Тоҷикистон ба бошгоҳҳо дар шакли дастгирии молиявӣ, таъмини варзишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, пардохти ҳаққи хизмати доварон, нозирон ва комиссароне, ки бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ва дигар мусобиқаҳои дохилиро хизматрасонӣ мекунанд, кӯмак мерасонад.

Дар бораи чунин амалҳо пештар фақат орзу кардан имкон дошту халос! То соли 2012 дар қаҳрамониҳои Тоҷикистон даҳҳо дастаҳо пайдо шуда, замоне дурахшиданд ва аммо бо сабабҳои мушкилоти молиявӣ нопадид шуданд. Айни ҳол бошад, қариб ки тамоми дастаҳо худро устувор ҳис мекунанд ва бо боварӣ ба фардо назар доранд. Ҳар яке аз онҳо аз ҷониби ФФТ бо сарулибоси ройгон ва микроавтобусҳо таъмин шудаанд. Ба ғайр аз ин, дастаҳои лигаи олии кишвар тибқи натиҷаи баромадашон дар мусобиқаҳо бо маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд. Пештар ин дастгириҳо вуҷуд надоштанд.

Лоиҳаи дуюме, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастгирии барномаи «Forward»-и ФИФА роҳандозӣ менамояд, ин дастгирии молиявии футболи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон яке аз беҳтарин лоиҳаҳо дар Қораи Осиё маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи дигари барномаи «Forward» – ин маблағгузории курсҳои таълимӣ мебошад. Дар ин давраи ҳисоботӣ садҳо курсу семинарҳои мухталиф оид ба маълумоти мураббигӣ барои ҷӯяндагони иҷозатномаҳои дараҷаи “С”, “В” ва “А”, курсҳои фитнесӣ, оид ба футзал, футболи бонувон, мураббиёни дарвозабонҳо ва инчунин дигар семинарҳои рушди футбол ташкилу баргузор гардонида шуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳо барои иштирокчиён ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Дар ин давра, инчунин ба самти футболи оммавӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Лоиҳаи “Футбол ба назди шумо меояд” қалби ҳазорон футболбози наврас ва волидайни онҳоро тасхир сохт.

ДАСТОВАРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳамагӣ чанд рӯз пештар  тими миллии Тоҷикистон дар 48-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Шоҳ-2022” («King’s Cup 2022») дар Тайланд иштирок намуда, бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Миллипӯшони футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ бар тими миллии Тринидад ва Тобаго, ки соли 2006 иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии футбол буд ва тими миллии Малайзия ғалабаи таърихиро ба даст оварданд.

Ҳамагӣ чанд сол пеш футболи Тоҷикистон орзу дошт, ки дастаҳояш дар пурқувваттарин лигаи қитъавӣ баромад кунанд.

Замоне буд, ки КФО бошгоҳҳои футболи Тоҷикистонро муфлис ҳисобида, танҳо як дастаи кишварро иҷоза дода буд, ки дар мусобиқаи аз лиҳози дараҷабандӣ сеюми КФО – “Ҷоми президенти КФО” бозӣ кунад. Инчунин, мунтахаби миллии Тоҷикистон низ, танҳо ҳаққи иштирок дар мусобиқа барои тимҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд –  “Ҷоми даъват”-и КФО-ро дошту халос.

Баъди соли 2012 мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии се қаҳрамонии ҷаҳон ва се Ҷоми Осиё ширкат кард. Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023, мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт, ки бешак як муваффақияти бузурги футболи ватанист.

Дар соли 2022 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23) ширкат кард. Яке аз омилҳои аслии муваффақият дар марҳилаи интихобии ин мусобиқот дар Душанбе баргузор шудани марҳилаи гурӯҳии он дар соли 2021 буд. Ба ин гурӯҳ дастаҳои Эрон, Лубнон ва Непал низ шомил буданд. Аммо КФО Тоҷикистонро бартарӣ дода, баргузории мусобиқоти мутамаркази интихобии гурӯҳи “В”-ро ба кишвари мо бовар намуд. Дар натиҷа, мунтахаби Тоҷикистон мақоми дувумро касб карда, бори аввал ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки дар кишвари ҳамсояи Узбакистон баргузор шуд, роҳ ёфт.

Мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бошад, дар чемпионатҳои Осиё дар соли 2016 ва 2018 то марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромад.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон бошад дар чемпионати  Осиё дар соли 2018 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби медалҳои нуқра, мақоми дуюм ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 ба Бразилия шуд.

Қобили қайд аст, ки айни замон бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболи кишвар ба бозиҳои расмии байналмилалӣ дар дараи зебоманзари Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон сохта шуда истодааст, ки яке аз бузургтарин марказҳои техникӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Иншооти мазкур аз меҳмонхона, бинои маъмурӣ, маркази барқароршавӣ, толори варзишӣ, ду майдони футболбозии тамринӣ, ки яке бо сабзаи сунъӣ ва дигарӣ бо сабзаи табиӣ мебошад, иборат аст.

Дар футболи бошгоҳӣ “Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз лиҳози дараҷабандӣ дувумин мусобиқаи бошгоҳӣ дар қораи Осиё мебошад, бомуваффақият баромад намуда, ду маротиба – солҳои 2015 ва 2017 ба бозиҳои ниҳоии он роҳ ёфт. Қобили зикр аст, ки ҳарду бозии финалӣ дар Тоҷикистон, дар варзишгоҳҳои пур аз мухлисон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гаштанд.  Конфедератсияи футболи Осиё барои дар сатҳи баланд ташкил кардани ин мусобиқаҳо чандин маротиба ба унвони Президенти ФФТ сипосномаҳои расмӣ ирсол намудаст.

Шуруъ аз соли 2019 чемпиони феълии Тоҷикистон, бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО, ки бонуфузтарин мусобиқаи даставӣ дар Қораи Осиё мебошад, иштирок менамояд. Дар мавсими соли 2021 “Истиқлол” барои аввалин маротиба дар таърихи фаъолияти худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО иштирок намуд. Дар соли нахустини баромадаш дастаи футболи пойтахт дар гурӯҳ мақоми аввалро ишғол намуда, то марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқа расид.

Бо шарофати баромади муваффақонаи “Истиқлол”, мақоми Тоҷикистон дар раддабандии бошгоҳии КФО боло рафта,  кишвари мо ҳуқуқ пайдо намуд, ки  се дастаи он дар мусобиқаҳои бошгоҳии Конфедератсия иштирок намоянд.

Дар натиҷа қаҳрамони Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ва ду намояндаи дигари футболи кишвар ҳаққи ширкат дар Ҷоми Конфедератсияро соҳиб шуданд.

Ёдрас мешавем, ки солҳои 2021 ва 2022 Тоҷикистон макони баргузории ду марҳилаи интихобии Ҷоми КФО интихоб шуд.

Тӯли 10 сол футболи тоҷик таҳти раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд пайдо намуд. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки як раҳбари ҷавони тоҷик ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – CAFA (Central Asian Football Association) интихоб шуд.

Ин рӯйдод дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар Конгресси навбатии CAFA, ки Федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад, ба амал омад.

Пас аз интихоби раҳбарияти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ситоди ин созмон аз Тошканд ба Душанбе кӯчид.

ТОҶИКИСТОН – МАКОНИ БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛЛӢ 

Вобаста ба рушду инкишофи футбол дар кишвар, интихоби роҳи дурусти пешрафти Федератсияи миллӣ, Тоҷикистон ба яке аз марказҳои футболи минтақавӣ табдил ёфтаст.

Бесабаб нест, ки қароргоҳи Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ – CAFA – дар Душанбе ҷойгир буда, худи ин созмонро президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ раҳбарӣ мекунад. Имрӯз ӯ ба яке аз чеҳраҳои калидии КФО табдил ёфтааст, ки андешааш аллакай дар арсаи футболи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ва агар мушоҳида карда бошед, дар майдонҳои Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни байналмилалии Созмони футболи Осиёи Марказӣ ва Конфедератсияи футболи Осиё, аз ҷумла байни дастаҳои наврасону ҷавонон, дастаҳои футболи занона, мусобиқаҳои футзал  бо ширкати дастаҳо  на танҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки аз тамоми кишварҳои Қораи Осиё беш аз пеш баргузор мешаванд. Ин аз эътирофи мо ҳамчун кишвари футболӣ шаҳодат медиҳад. Илова бар ин, дар баргузории чунин мусобиқаҳо омилҳои сиёсӣ низ вуҷуд доранд. Ба чунин мусобиқаҳо танҳо он кишварҳоеро бовар мекунанд, ки дар онҳо суботу оромӣ, амнияту осудагӣ, тартибу низом ва инфрасохтори мувофиқ вуҷуд дорад.

Айни замон Конфедератсияи футболи Осиё дар чор варзишгоҳи Тоҷикистон – варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва  Ҳисор, инчунин варзишгоҳи “ТАЛКО-АРЕНА”-и шаҳри Турсунзода гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро иҷозат додадааст. Зимнан, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо варзишгоҳҳои дигаре амал мекунанд, ки дар ҳолати бозсозии зарурӣ соҳиби иҷозатномаи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ хоҳанд шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар паи иҷрои бевоситаи Барномаҳои давлатии рушди футбол дар  Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба тасвиб расиданд, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бештар аз 200 майдону майдончаҳои футболбозӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Маҳз, аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Президенти Федератсия, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бештар аз 30 майдончаи хурди футболбозии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ  сохта шудааст, ки имрӯз онҳо макони дӯстдоштаи наврасону ҷавонон мебошанд.

Айни замон дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони варзишгоҳи дорои 30 ҳазор ҷои нишаст идома дорад. Варзишгоҳи мазкур барои баргузории мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ пешбинӣ шудаст.

То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони футболи Осиёи Марказӣ 13 мусобиқаи байналмилалии дар баландтарин сатҳ ташкилу баргузор карда шудаст.

Бозиҳои мусобиқаҳои марҳилаҳои интихобии чемпионатҳои наврасону ҷавонон, байни дастаҳои футболи занонаи Осиё ва Фестивалҳои футболи кӯдакон борҳо баргузор шудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар соли 2022 дар Тоҷикистон баргузории якчанд мусобиқаи дигари Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар назар аст. Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17 сола ва ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон марҳилаҳои интихобии чемпионати Осиёро бомуваффақият пушти сар карда, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳои мазкур гаштанд. Ба ин тартиб, ҳамаи се дастаи мунтахаби Тоҷикистон – наврасони 17 сола, ҷавонони 20 сола ва тими миллӣ соли оянда футболи моро дар бонуфузтарин мусобиқаи осиёӣ – Ҷоми Осиё намояндагӣ хоҳанд кард. Ин муваффақият барои бори аввал дар футболи Тоҷикистон мебошад.

«Дар футбол барои расидан ба натиҷа вақт лозим аст. Кори мо дар наздиктарин маврид самара хоҳад дод”, – ин суханони роҳбари ФФТ дар дили миллионҳо мухлисони футболи ватанӣ шуълаи умеду орзуро бармеафрӯзад.

ХУЛОСА 

Аз гуфтаҳои боло дида мешавад, ки Тоҷикистон ба шарофати роҳи дурусти рушд дар футболи Осиё обрӯю эътибори калон пайдо кардааст. Имрӯз Тоҷикистонро аллакай ҳамчун як кишвари устувори футболӣ мешиносанд.

Ҳоло барои ҳамаи роҳбарону мутахассисони футбол аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамон суръати тараққиётеро, ки онро аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Президенти Федератсия муайян кардааст, нигоҳ дорад.

Новобаста ба ҳама дастовардҳо, дар мо мавзуҳои ҳалталаб ҳоло зиёданд.

Футбол танҳо бозӣ нест, ин пеш аз ҳама як мактаби хуби тарбияи ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, имкони баёни худ ва пайдо кардани мавқеи худ дар зиндагӣ, яъне лоиҳаи бузурги иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва иқтисодӣ мебошад. Мо бояд онро бо тамоми қувва ва восита дастгирӣ кунем.

Рустам ҲАКИМОВ, роҳбари дафтари матбуоти КФ «Истиқлол» (Душанбе)

Назари худро бинависед