Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралияро, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, ҳайати доварон аз давлати Баҳрайн ҳакамӣ мекунанд.
Сардоварӣ бозӣ рефери 42-солаи ФИФА Ҷамил Ҷума Абдулҳусайн таъин шудааст, ки сар аз соли 2010-ум 32 бозии расмии байналмилалиро доварӣ намудаст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш Муҳаммад Ҷафар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Абдулазиз Юсуф Абдулло ба ӯҳда дорад. Нозири доварон Масуд Муродӣ аз Эрон ва комиссари вохӯрӣ Ту Силианг аз Ҷумҳурии Чин таъин шудаанд.
Қаблан Ҷамил Ҷума ду маротиба бозиҳоро бо иштироки мунтахабҳои Тоҷикистон хизматрасонӣ кардаст. Бори аввал соли 2013 дар марҳилаи интихобии Ҷоми даъвати КФО-2014 ӯ бозии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Макао (3:0) ва бори дуюм соли ҷорӣ дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 бозии байни мунтахабҳои ҷавонони Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабро (0:3) ба ҳайси сардовар ҳакамӣ намуд.
Ёдовар месозем, ки бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18.00.