Имрӯз, 3 август, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии кишвар Мубин Эргашев бо ҳамкасбони худ вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯрӣ мураббиёни бошгоҳҳои футболи лигаи олӣ ва дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ, ки дар шакли машғулияти махсуси якрӯза доир гардид, масоили дурнамои рушду инкишофи футболи тоҷик мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин чорабинӣ директори шӯъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Ахмедов ва ҷонишини деректори шӯъба оиди маълумоти мураббигарӣ Боир Игамбердиев ширкат доштанд.
Дар назди ҳозирин директори шӯъбаи техникӣ Шавкат Ахмедов баромад намуда, қайд карданд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо ҷиҳати рушду инкишофи футболи кишвар ва мукаммал гардонии ҳайати тими миллӣ манфиати зиёд доранд.
Сипас иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон Мубин Эргашев ба ҳамкасбони худ дар бораи барномаи омӯзишиаш дар Академияи маълумоти мураббигарии Иттиҳоди футболи Русия оиди муҷаввизи мураббигарии “Pro”-УЕФА маълумот дод.
Дар рафти вохӯрӣ мураббиён имконият пайдо карданд, ки ба суолҳояшон посух гирифта, инчунин назари худро оиди мавзуҳои мухталифи марбут ба кори мураббигарӣ баён созанд. Мубин Эргашев ва дигар мураббиён аз баргузории ин чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ карда, онро омили муҳими робита байни бошгоҳҳои футболи кишвар ва тими миллии мамлакат арзёбӣ намуданд.