“Вахш” пешсафи сабқати собиқадорон – Федерация Футбола Таджикистана

“Вахш” пешсафи сабқати собиқадорон

Дар мусобиқа байни дастаҳои собиқадорони футболи Тоҷикистон рӯзи 19 июл ду бозии даври чорум баргузор шуд.

“Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ собиқадорони “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул кард. Устодони тӯби чармини кӯлобӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба карда истода, муваффақ нашуданд, ки бозиро ба фоидаи худ анҷом кунанд ва дар натиҷа бо ҳисоби бузурги 3 бар 6 шикаст хӯрданд. Баъди ин ғалаба дастаи собиқадорони “Вахш” бо 10 имтиёз мақоми худро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар гардонид.

Дар бозии дигари ин давр ду дастаи пойтахт “Рамис-Испечак” ва  “Динамо” бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Бозии шавқовари дастаҳои собиқадор бо ҳисоби 5 : 2 ба фоидаи аввалӣ анҷом ёфт.

Як бозии дигари даври чорум рӯзи 22 июл байни ду дастаи шимоли кишвар доир мешавад. “Трикотажчӣ”-и Истаравшан дар майдони худ “Хуҷанд”-и Хуҷандро қабул мекунад.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзи шанбеи 25 июл доир мешаванд. Дар ин давр пешсафи ҷадвали мусобиқа “Вахш” дар майдони худ “Рамис-Испечак”-ро қабул мекунад. Собиқадорони “Равшан” ба  шаҳри Хуҷанд сафар карда, “Динамо”-и пойтахт дар Душанбе бо “Трикотажчӣ”-Истаравшан рақобат мекунад.

 

Мусобиқа байни дастаҳои собиқадорони футболи Тоҷикистон

«Равшан» – «Вахш» – 3:6

«Рамис-Испечак» – «Динамо» – 5:2

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 4 3 1 0 14-7 10
2 «Равшан» (Кӯлоб) 3 2 0 1 10-8 6
3 «Рамис-Испечак» (Душанбе) 3 2 0 1 10-9 6
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 9-6 4
5 «Трикотажчӣ» (Истаравшан) 1 0 0 1 0-3 0
6 «Динамо» (Душанбе) 4 0 0 4 7-17 0

Нишонзанҳо: Назиршо РИЗОМОВ («Вахш») – 6 гол, Сӯҳроб ҲАМИДОВ («Рамис-Испечак») – 5 голИззатулло ИСҲОҚОВ («Равшан») – 4 гол, Баҳрулло ДАВЛАТОВ («Рамис-Испечак»), Рустам ХОҶЕВ («Вахш»), Саид АЗИЗОВ («Равшан»), Баҳодур МУРОДОВ («Хуҷанд») – 3 голӣ.

 

Дар даври 5-ум вомехӯранд:

25 июл (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

«Вахш» – «Рамис-Испечак»

«Хуҷанд» – «Равшан»

«Динамо» – «Трикотажчӣ»

Добавить комментарий