Ёвари рефери ФИФА аз Тоҷикистон Баҳром Саъдуллоев бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасонро дар гурӯҳи “Е” хизматрасонӣ хаҳад кард.
Бозиҳо дар ин квартет аз 16 то 20 сентябр дар Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешаванд. Барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа, ки соли оянда дар Ҳиндустон доир мегардад, мунтахабҳои наврасони Эрон, Баҳрайн, Ҳиндустон ва Лубнон рақобат мекунанд.
Қайд мекунем, ки айни замон Баҳром Саъдуллоеви 41-солаи қурғонтеппагӣ ягона намояндаи Тоҷикистон дар рӯйхати доварони баргузидаи Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.