Оғози курси ФИФА барои доварони тоҷик – Федерация Футбола Таджикистана

Оғози курси ФИФА барои доварони тоҷик

Имрӯз, 20 июл, дар Академияи футболи клуби “Истиқлол”,  вақеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор курси ҳамасолаи ФИФА «FIFA/MA Refereeing course» барои доварони футболи Тоҷикистон оғоз шуд.

Давоми панҷ рӯз дастурдиҳандагони ФИФА ва КФО Фарҳод Абдуллоев (дастурдиҳандаи доварон) аз Узбекистон ва Аҳмад Халиди Супиан (дастурдиҳандаи фитнесӣ) аз Малайзия ба доварон ва дастурдиҳандагони  тоҷик машғулиятҳои амаливу назриявӣ мегузаронанд. Дар машғулиятҳо 30 нафар доварони тоҷик иштирок мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи курс ноиби аввали президенти Федератсияи футблоли мамлакат Хуршед Мирзоев иштирок карда, дар назди иштирокчиён баромад намуд. Хуршед Мирзоев дар баромадашон изҳори умеду боварӣ карданд, ки доварони тоҷик дар ин курс иштирок намуда, савияи дониши касбии худро ғанӣ мегардонанд ва донишҳои андӯхтаашонро дар фаъолияти доварии худ амалӣ мегардонанд.

Дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО Фарҳод Абдуллоев дар навбати худ чунин қайд намуд: “Аз ҷониби ФИФА ҳамасола барои доварон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон машғулиятҳо ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо мо самаранок фаъолият мекунем. Мақсади асосӣ аз ташкил намудани ин машғулиятҳо – баланд бардоштани дараҷаи тахассусии дастурдиҳандагон ва доварони футболи Тоҷикистон мебошад. Мехоҳам ҳаминро қайд кунам, ки дар ин машғулиятҳо дастурҳои ахирие, ки аз ҷониби  доварон дар ҶҶ-2014 дар Бразилия ва инчунин дар ҶО-2015 дар Австралия истифода шуданд, омӯзонида мешаванд. Ҳамкасби ман Аҳмад Халиди Супиан бошад, оиди навгониҳо дар мавзӯи тарбияи бадании доварон, ғизову истироҳат ва омодагии онҳо ба бозиҳо, инчунин ҷиҳати чӣ гуна тақвият додани сифатҳои асосии доварон, ки ҳангоми хизматрасонии вохӯриҳо ба онҳо зарур аст, нақл хоҳад кард.

Имсол мо тартиби гузаронидани машғулиятҳоро андаке тағийр кардем. Қаблан шунавандагони курс танҳо нишаставу дастурдиҳандагонро гӯш мекарданд, ҳозир бошад онҳо фаъолона дар ҷараёни таълим иштирок мекунанд. Баъди тамошои видеоклипҳо на дастурдиҳанда, балки худи шунавандагон онро таҳлилу баррасӣ намуда, фикрҳояшонро нисбати мавзӯ баён мекунанд”.

_DSC3032_DSC3041_DSC3053_DSC3056_DSC3066_DSC3070_DSC3098

Добавить комментарий