Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар арафаи анҷомёбист.
29-уми май, дар рӯзи охирини ҷамъомади тамринӣ мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо яккачини вилояти Суғд, иборат аз бозигарони дастаҳои «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан» ва «Равшан»-и Зафаробод бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, соати 17:30 оғоз мешавад.
30 май тими олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба Тошканд сафар мекунад. Дар ин мусобиқа мунтахаби мо дар гурӯҳи «D» бозӣ карда, бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) нерӯ месанҷад.