Курси ФИФА оиди идорадорӣ ва менеҷментӣ анҷом шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Курси ФИФА оиди идорадорӣ ва менеҷментӣ анҷом шуд

Дар Академияи футболи клуби “Истиқлол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор курси байналмилалии ФИФА оиди идорадорӣ ва менеҷментӣ, ки дар он  роҳбарону мутахассисони шӯъбаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва намояндагони федератсияҳои футболи минтақавӣ – Душанбе, Хатлон, Суғд, Рашт ва ВМКБ ширкат доштанд, анҷом шуд.

Роҳбарии курсро офитсери идораи рушди ФИФА дар Деҳлӣ Нодар Ахалкатсе ба ӯҳда дошт.

Барномаи паҷрӯзаи курс хеле бою рангин буда, дар он мавзӯи дурнамои самтҳои фаъолияти Федератсия баррасӣ шуданд. Мақсадҳои асосии Федератсия дар солҳои 2015-2023 баромади бомуваффақияти дастаҳои мунтахаб дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ, мураттабгардонии нақшаҳои дурнамои фаъолияти шӯъбаи техникӣ, таъмини мувозинати молиявӣ, зиёд гардонидани даромад аз ҳисоби маркетинг ва сарпарастон, фаъол гардонидани сохтори идоракунанда ва менеҷменти футбол, инчунин баланд бардоштани дараҷаи касбии кормандони соҳаи футбол ва рушди инфрасохтори варзишӣ, кор карда баромадани барномаи рушди футбол барои солҳои 2017-2027, баланд бардоштани дараҷаи Лигаи миллии футбол ва клубҳои футболӣ арзёбӣ шуданд.

“Натиҷаи курси ФИФА оиди идорадорӣ ва менеҷментиро ҷамъбаст карда, гуфта метавонам, ки курс хеле самаранок баргузор шуд. Барномаи курс бисёр бомазмун ва ҷолиб буд. Боварӣ дорам, ки ҳар як иштирокчӣ аз баргузории курс барои худ ахбори лозимаро пайдо кард”, – қайд карданд, натиҷаи курсро ҷамъбаст намуда, директори шӯъбаи техникии Федератсияи футболи мамлакат Шавкат Ахмедов.

Дар интиҳо ба ҳар як иштирокчӣ шаҳодатнома оиди ширкат дар курс дода шуд.

_DSC2783_DSC2806_DSC2816_DSC2891_DSC2957

Добавить комментарий