Давронҷон Эргашев капитани “Жетису” шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Давронҷон Эргашев капитани “Жетису” шуд

Муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев капитани “Жетису”-и Қазоқистон интихоб шуд.

Легионери 27-солаи тоҷик бо бозубанди капитанӣ “Жетису”-ро дар бозии даври 20-уми премер-лигаи Қазоқистон ба муқобили “Ордобас”-и Шимкент ба майдон баровард. Бозӣ бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 ба фоидаи дастаи муҳофизатгари тоҷик анҷом ёфт.

Баъди 20 давр “Жетису”-и Давронҷон Эргашев бо 14 имтиёз зинаи ёздаҳуми пешазохирии ҷадвали премер-лигаи Қазоқистонро ишғол мекунад. Бозии навбатии худро “Жетису” рӯзи 18 июл, дар сафар бо “Остона” мегузаронад.

5556

Добавить комментарий